Таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Роғун
Рӯзи 7-уми сентябри соли 2021 дар “Қасри фарҳанг”-и шаҳри Роғун бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур директори Агентиии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷони Назрулло, Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони тамоми мақоматҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ширкат варзиданд. Дар чорабинии идона Раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар баромад намуда, ҳозиринро ба ин санаи фархундаю таърихӣ табрику муборакбод гуфта, дар баромади хеш бузургии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои шаҳри Роғунро дар давоми соҳибистиқлолии мамлакат баён намуданд. Инчунин, қайд намуданд, ки маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун фазои сулҳу осудагӣ, файзи соҳибистиқлолии кишвар буд, ки корҳои ободонӣ сохтмонӣ ва созандагӣ равнақ ёфта, симои шаҳри Роғун рӯз то рӯз дигаргун гардид.
Сипас аз ҷониби директори Агентиии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷони Назрулло, Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар Сулаймон ва роҳбари дасгоҳи раиси шаҳр Файзода Фирӯза барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ, бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом қадрдонӣ гардиданд. Инчунин бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 нафар кормандони хизмати давлатӣ, ташкилот, идора, муассиса, собиқадорон ва фаъолони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Роғун ва 8 нафар хизматчиёни ҳарбие, ки дар тамрини интирокчиёни паради ҳарбӣ саҳми босазо гузоштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Қисмати фарҳангии чорабиниро сарояндаи маҳбубу хушовоз Меҳронаи Шариф бо созу навои худ дилработар намуданд. Қобили қайд аст, ки ин санаи фархундаю таърихӣ ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Сармутахасиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира У.
Добавить комментарий