Нишасти матбуотӣ

    Нишасти матбуотӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун санаи 24 июли соли 2021 соати 1000 баргузор гардид. Дар ин нишаст хабаргнигорон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», АМИТ «Ховар», шабакаҳои радиоҳои «Тоҷикистон», «Садои Душанбе» ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» иштирок доштанд. Нишасти матбуотиро Раиси шаҳри Роғун Сулаймонзода Музаффар оғоз намуда, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Роғун дар нимсолаи якуми соли 2021 ҳисоботи муфассал дод. Сипас, миёни хабарнигорони васоити ахбори оммма ва иштирокчиён саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои маориф, тандурӯстӣ, кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ матраҳ гардид. Ба саволҳои хабарнигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.      

         Худойдодов А. Н.