Рӯшди соҳаи варзиш  

Рӯшди соҳаи варзиш   

              Дар давоми солҳои соҳибистиқолӣ  аз ҷониби Ҳукумати кишвар бо мақсади таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи варзиш барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ қабул ва амалӣ гардидаанд, ки ин барномаҳо ба пешрафти соҳаи варзиш мусоидат менамоянд. Ин аст, ки дар шаҳри Роғун, баҳри амалӣ гардидани барномаҳо аз тарафи мақомоти ичроияи ҳокимияти шаҳри Роғун кушишу талоши зиёд мешавад ва рӯз то рӯз соҳаи варзиш дар ин минтақа рӯшд мекунад. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва нақша чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Роғун аз моҳи май то моҳи августи  соли ҷорӣ мусобиқаи Ҷоми Раиси шаҳри Роғун оид ба футбол миёни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳои шаҳраку ҷамоатҳои шаҳри Роғун баргузор гардид, ки  дар ҷамъбасти мусобиқаи мазкур Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар иштирок намуданд. Бозии дастаҳои ниҳоӣ дастаи Норакиён №20 ва шаҳраки Оби Гармро дидан намуданд. Пас аз анҷомёбии вақт дар мусобиқаи мазкур дастаи ҷавонони Норакиён №20 ғолибиятро ба даст оварданд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Ҷом, медал ва ифтихорномаю мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 11 августи соли ҷорӣ Ҷоми вакили шаҳрӣ, Зайдов Аслам оид ба мусобиқаи футбол  миёни беҳтарин дастаҳои ҷавонони деҳаҳо ва маҳаллаҳо баргузор  гардида, ҷоми мазкур насиби дастаи ҷавонони Қалъаи нав гардида, ғолибон бо Ҷом, медал ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш                                            Ҷамилзода О.