МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ РОҒУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
–Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр-1ҷой, маоши мансабӣ, 2758 сомонӣ:
-сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр-1ҷой, маоши мансабӣ 1149 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши молия ва хоҷагии дастгоҳи раиси шаҳр 1-ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи МИҲД-и шаҳр 1-ҷой, 942,60 маоши мансабӣ, сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши рушди иқтисод ва савдои МИҲД-и шаҳр 1-ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД-и шаҳр 1-ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи шаҳри Роғун 1-ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
-мутахассиси пешбари бахши бойгонии МИҲД-и шаҳр -1ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ:
-сармутахассис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1ҷой, маоши мансабӣ 1149 сомонӣ:
-сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1ҷой, маоши мансабӣ 1149 сомонӣ:
-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм -1 ҷой, маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
-мутахассиси пешбар-нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сичароғ -1 ҷой,маоши мансабӣ 942,60 сомонӣ:
-мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм- 1 ҷой, маоши мансабӣ 776,40 сомонӣ
-мутахассис оид ба масъалаҳои андози Ҷамоати деҳоти Қади Об- 1 ҷой, маоши мансабӣ 776,40 сомонӣ
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ (Раиси шаҳр) -варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона сурати андозаи 4 х 6) – тарҷумаи ҳол – нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот – нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ; (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад) – нусхаи шиноснома -нусхаи син -маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 038 УЕ – рақами мушаххасси андозсупоранда -маълумотномаи ҷои истиқомат ва ҳайати оила. -маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз Нозироти андоз) -маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ:
Барои ишғолкунандагони мансаби роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Роғун:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-3 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабиҳои катигорияи дуюм ё 6 сол собиқаи умумии меҳнат хизмати давлатӣ ё 7 сол умумии меҳнат;
-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорат ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳамгоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:
-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнат;
-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
-малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар: -таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -малакаи кор бо компютер.
Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис: -таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; -малакаи кор бо компютер.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун (шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳо). Телефон: 8 (3134) 2-12-68. Ҳуҷҷатҳои довталабон баъди нашри эълон дар давоми 21 рӯз қабул карда мешавад. Эзоҳ: Ҳамзамон довталабон ҳуҷҷатҳои дар боло зикршударо тариқи почтаи электронии roghun.kadrho@mail.ru метавонанд ирсол намоянд, инчунин, метавонанд нашри эълони озмунро дар сомонаи www.roghun.tj, www.ahd.tj дастрас намоянд. Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Добавить комментарий