Қарзи шаҳрвандӣ дар назди Модар-Ватан

              

       Рӯзи аввали даъвати баҳории чавонписарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумхурии Тоҷикистон, ки ҳамчун рузи даъватшаванда қайд карда мешавад, дар назди бинои қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии идона доир карда шуд, ки дар он барои гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ волидайну пайвандони даъватшудагон, масъулини шаҳр ва собиқадорони ҷангу меҳнат ширкат намуданд. Баъди фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хусуси даъвати   бахории  ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,   зиёда аз 30 нафар ҷавонони синни даъватӣ, ки ихтиёран омода будани худро барои иҷрои қарзи фарзандии худ дар назди Модар-Ватан собит намуданд, давоми се моҳ ба курси ронандагӣ, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун роҳандозӣ гардидааст, ҷалб шуда, қабл аз шомил шудан, ба сафи Артиш соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ   гардиданд.            

               Зимни суханрониҳои раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонз ода Музафар Сулаймон барои тарбия намудани чунин ҷавонони бомасъулияту ватандӯст, ки баҳри адои қарзи фарзандии худ назди давлату миллат сари вақт барои хизмат ҳозир шудаанд, ба волидайни даъватшудагон изҳори миннатдорӣ карда шуд. Номбурда афзуд «Мояи ифтихор аст, ки дар шаҳри Роғун рӯз то рӯз сафи ихтиёриёни  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меафзояд ва маъракаҳои даъвати наваскарон  рангину пуршукӯҳ  мегузаранд». Инчунин раиси шаҳр иброз дошт, ки «Барои ҳар  давлати соҳибистиқлол, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи асосии шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Вазъияти мураккаби ҷаҳони имрӯз аз ҳар фарди бедордил, ҷавонони бонангу номус тақозо менамояд, ки дар самти  ҳимояи истиқлоли давлатӣ ва марзу буми худ аз ҳарвақта дида, масъулияти бештар эҳсос кунанд.

             Аз ин рӯ имрӯз вақти он расидааст, ки пайи ҳифзи Ватани соҳибистиқлоламон аз ҳарвақта дида бештар талош варзем». Чорабинӣ бо барномаи ҷолиби фарҳангӣ, рақсу шодии даъватшавандагон, аскарону афсарони қисми низомии 051058 гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва дуои волидон барои гусели наваскарон ба сафи Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт.

           Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Худойдодов А. Н.