Паём: Роҳнамои ҷомеа

         Санаи 17 марти соли ҷорӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмиддиниён Файзулло дар  толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Роғун вохӯрию мулоқоти судманд оид ба шарҳи нуқтаҳои паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки интихобкунандагон баргузор гардид. Аз ҷониби вакил муҳтавои паёми Пешвои миллат ироа гардида, як қатор масъалаҳо мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд. Номбурда, барои пешрафти соҳаи маориф аз ҷумла, сохта ба истифода додани муассисаҳои томакатабӣ маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд. Инчунин, зиёд намудани  корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ, бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди соҳибкорӣ дар миёни мардум махсусан соҳибкории истеҳсолӣ ва  ба ин васила беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Фуруғи субҳи доноӣ”, ва “Илм-фуруғи маърифат” аз масъалаҳое буданд, ки дар ин дидорбинӣ матраҳ гардиданд.   Худойдодов А. Н.  17.03.2021