Беҳтаринҳо интихоб гардиданд: Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон -Ватани азизи ман» дар шаҳри Роғун ҷамъбаст гардид
Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1335 оид ба озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» Низомнома ва амри Раиси шаҳри Роғун аз 18 марти соли 2020 ба тасвиб расонида шуда, мавриди амал қарор дода шуд. Бояд тазаккур дод, ки даври аввали озмуни мазкур дар миёни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр баргузор карда шуд, ки 22 нафар иштирокчиён ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрии озмун санаи 15 августи соли 2020 дар асоси нақшаи тасдиқгардида аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун баргузор карда шуд. Дар ин давр 22 нафар иштирокчиён аз рӯи ду номинатсия ва се жанр ширкат варзиданд, ки аз ин шумораи 13 нафар ғолибон ба даври минтақавӣ роҳхат ёфтанд.
1. Номинатсияи навозандагӣ
-аз рӯи жанри анъанавии ин номинатсия Асомиддинзода Масрур ба ҷои аввал ва Давлатов Зиёрат ба ҷои дуюм;
-аз рӯи жанри академии номинатсияи мазкур Раҳимов Рамазон, ба ҷои аввал Гулов Иброҳим ба ҷои дуюм;
-аз рӯи жанри эстрадӣ бошад Раҳимов Аъзам ба ҷои аввал Шарипов Муин ба ҷои дуюм сазовор дониста шуданд.
2.Номинатсияи сарояндагӣ
-аз рӯи жанри анъанавии номинатсияи сарояндагӣ Файззода Фархунда ба ҷои аввал Хоҷаева Нозанин ба ҷои дуюм;
-аз рӯи жанри академии ин номинатсия Одиназода Саидбек ба ҷои аввал Назарова Мафтуна ба ҷои дуюм;
-аз рӯи жанри эстрадии номинатсияи мазкур Раҳимов Умаршо ба ҷои аввал, Авғонов Шуҳрат ба ҷои дуюм сазовор дониста шуданд.
Дар ҷамбасти озмун шоҳҷоиза насиби дастпарвари мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Роғун Меликмуродова Аниса гардид. Ғолибони озмуни «Тоҷикистон ватани азизи ман» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ ба андозаи 1300 сомонӣ барои ҷоиҳои аввал, 1000 сомонӣ барои ҷойҳои дуюм, 600 момонӣ барои ҷойҳои сеюм ва 3500 сомонӣ барои шоҳҷоиза муайян гардида буд, қадрдонӣ карда шуданд.
Таҳияи муҳаррири маркази матбуоти бахши фарҳанг Комилзода Ҳавасмо
Добавить комментарий