ЭЪЛОН – МУЗОЯДА!

          Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун музоядаи 1-умро  оиди фурӯши воситаҳои нақлиёт дар асоси «Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ  дар музоядаҳо»   рӯзи  8 июн  соли 2020  барпо менамояд.    

№ р/т Номгӯй Рақами давлатӣ ва инвениарӣ соли баистифодадиҳӣ Арзиши ибтидоӣ (бо сомонӣ)
1.       Автомашинаи тамғаи УАЗ-396252 020123 2003 2423
    2. Автомашинаи тамғаи УАЗ-32069 010124 1998 2423
    3. Автомашинаи тамғаи Нива Шеврале    00175              2004           2550

Қабули дархостҳо барои иштирок дар савдо ва бақайд гиифтани иштироккунандагон, аз рӯзи нашр шудани эълони  мазкур дар шаҳри Роғун  кӯчаи Сохтмончиён-54 оғоз ёфта,  дар давоми 10 рӯз пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Ҷойи баргузоршавӣ: Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, кӯчаи Сохтмончиён-54. Фурӯш бо усули англисӣ сурат мегирад. Музояда соати 10-00 барпо мегардад.  Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар музояда барои иншоотҳо ба 350 нишондиҳанда баробар аст. Пардохти кафолатнок бо тариқи нақдӣ ва ё ғайринақдӣ супорида мешавад.  Дар ҳолати ғолиб баромадан, харидор ба ҳисоби фурӯшанда ба миқдори 5- фоиз боҷи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурӯши иншоот месупорад, ки  он бо нархи фурӯши Лот дохил намешавад. Ғолиби музояда он касе дониста мешавад, ки  нархи аз ҳама баландро пешниҳод менамояд. Маълумоти иловагиро  оид ба гузаронидани музояда бо нишонаи зерин фаҳмидан мумкин аст:ш. Роғун, кучаи Сохтмончиён-54. Тел:  8(3134)-21-6-88