Паём-равшангари имрӯз ва фардои кишвар
Дар замони истиқлолияти давлатӣ ва рушди босуботи сиёсати иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ҳамчун маводи арзишманди таҳлилӣ ва роҳнамо барои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равшангари имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад.
Паём мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба худ касб намуда, бори дигар собит намуд, ки дар ҳама бахшҳои мухталифи кишвар нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудааст, ки чунин пешравиҳо аз рушди босуботи сохаҳои мухталифи ҳайёти ҷамъиятии кишварамон гувоҳӣ медиҳанд. Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём қарор дошта, раванду амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём хуҷҷати асосии Стратегии тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пешистодаро равон ва бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохт.
Махсусан дар қатори дигар нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат дар масъалаи китобхонӣ ва азхудкунии донишҳои замонавӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуд, ки масъалаи мазкур бевосита дар раванди ҷаҳонишавӣ, бархурди тамаддунҳо ва дурнамои захираҳои инсонии кишварамон ва махсусан барои ҷавонони саодатманди кишвар нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин дар паёми имсола ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст. Барои расидан ба ин иқдоми фарҳангпарварона ташкил ва баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ махсусан оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот мувофиқи мақсад мебошад. Бо ибтикори Сарвари давлат ҳар сол ташкил ва ба роҳ мондани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” дар байни насли ҷавон ва дар ин замина ҳавасмандсозии ғолибон имкон медиҳад, ки сатҳи китобхонӣ дар кишвар ба маротиб зиёд гардида, худшиносии миллӣ ва болоравии маънавиёти ҷомеа такмил дода шавад. Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар фармудаҳояш китобро ҳамчун -аниси кунҷи танҳоӣ маънидод карда, эҷодиёти худро дар ин маврид ба китоб мебахшад, ки чунин аст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Зи доноён бувад ин нуқта машҳур,
Ки доно бе кутуб доност дар гӯр.
Дар воқеъ китоб шамъи дили инсон, роҳбару роҳнамои ӯ дар зиндагист, ки аз ӯ сабақ меомӯзӣ. Тавре Мавлонои Биноӣ мефармояд:
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Роҳатафзои ҷону роҳати дил,
Ҳарчи дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил.
Бо дарназардошти омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва гиромидошти таъриху тамаддуни бойи тоҷикон Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раҳмон зимни паёми навбатиашон таъкид карданд, ки шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда шуда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа карда шавад. Инчунин, ба хотири паҳн гардидани ин маводи арзишманди таърихӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастур дода шуд, ки китоби мазкур ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп шуда, нусхаи электронии он тавассути шабакаҳои иттилоотӣ низ паҳн гардад.
Ҳамчунин, сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд. Ба маънои томаш паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба хисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд.
Хуррамзода Муминшо, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун
Добавить комментарий