ПАЁМ: Вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 26.12.2019 баён гардид, нақшаи вохӯриҳои Раиси шаҳри Роғун оид ба расонидани муҳтавои асосии паёми Пешвои миллат аз 2 январи соли 2020 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуд. Бо ин мақсад гуруҳҳои кории тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, шуруъ аз 7 январ фаъолияти худро оғоз намуданд. Мавриди зикр аст, ки вохӯрию мулоқотҳо бо ташкили 4 гуруҳи корӣ дар 27 мавзеъ аз ҷумла, маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ ба роҳ монда шудааст. Метавон гуфт, ки то имрӯз беш 13 вохӯрию мулоқот гузаронида шуда, дар онҳо беш аз 1200 нафар аҳолии маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкат варзидаанд. Мулоқоту вохӯриҳо фарогири сокинони тамоми деҳаҳо, кӯчаҳо, маҳаллаҳои қаламрави шаҳри Роғун ва сохтмончиёну бунёдгарони ишооти азими аср буда, айни замон дар дигар минтақаҳои шаҳр низ бо маром идома доранд. Дар чорабиниҳо Раиси шаҳр Сулаймонзода Музаффар, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба пешвози 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун Аъламхон Наъимӣ, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок доштанд. Дар вохӯриҳо муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои муҳиму стратегии кишвар, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ки дар соли 2019 ба вуқуъ пайвастанд, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати дуюми «НБО Роғун» мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки вобаста ба ин, сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад. Қайд гардид, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, тараққӣ додани яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ яъне, рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон, оила ва рушди варзиш ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мамлакат, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишвар мусоидат хоҳад кард. Дар баромадҳо нисбати эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин васила паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, омодагиҳо ба пешвози ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи самараноки қувваи барқ, об ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи онҳо, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу суббот, дастгирии занону духтарон ба илмомузӣ ва касбомузӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд. Зимни баромад атрофи корҳои ободонӣ, шинонидани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, таъмири роҳҳои дохили деҳаҳо, банақшагирии боғҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ диққати асосӣ дода шуд. Хотирнишон бояд кард, ки вохӯриҳо бо аҳолӣ дар 27 мавзеъ ба нақша гирифта шуда, то охири нимаи 1-уми моҳи январ идома меёбанд. Таҳияи Абдулмумин Худойдодов 9.01.2020
Добавить комментарий