“Фурӯғи субҳи доноӣ…”
Аниси кунҷи танҳои китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷиксистон аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун озмуни шаҳрии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” баргузор мегардад. бо ин мақсад амри раиси шаҳри Роғун аз 18 майи соли 2019, №65 ба тасвиб расида, Низомнома, ҳайати ҳакамон тасдиқ ва ҷоизаҳои озмун муайян карда шудаанд.
Озмуни мазкур аз ду давр иборат буда, даври аввал дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даври дуввум дар маркази шаҳр гузаронида мешавад. барои ишғолкунандагони ҷойҳои намоён дар ин озмун мукофотҳои пулӣ муайян карда шудааст, ки маблағи умумии он 8400 сомониро ташкил медиҳад.
Добавить комментарий