Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

         Бо максади сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 22-солагии Рузи Вадати миллӣ дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Роғун  ситоди корӣ бо роҳбарии раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар доир гардид. Дар ин ситод қарори раиси шаҳр аз 20-майи соли 2019, №147 ва нақша чорабиниҳо оид ба ташкил ва баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди муҳокимарониҳо қарор дода шуд. Ҳайати кумитаи тадорукот нисбати иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳо вазифадор гардиданд. Раиси ситод нисбати зиёд намудани корҳои ободонӣ, ташкил намудани ярмарка фуруши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ороиши шаҳр бо шиору навиштаҷотҳо, бунёди гулгаштҳо, ташкили ҳашарҳои оммавӣ бо мақсади тозаву озода нигоҳ доштани кучаву растаҳо, деҳаву маҳаллаҳо ва назди биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.