Иди асал
Санаи 26 майи соли ҷорӣ дар шаҳри зебоманзари Душанбе ярмаркаи фуруши асал доир гардид. Дар ин чорабинӣ асалпарварони шаҳри Роғун зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Файззода Раҳматулло ширкат варзида, маҳсулоти худро пешкаши сокинони пойтахт карданд. Бояд ёдовар гардид, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе чунин ярмаркаи фуруши асал бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини аҳолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мегардад.
Добавить комментарий