«Сайри гули лола» дар шаҳри Роғун.

     

      Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст имрӯзҳо дар саросари Тоҷикистони азизамон озмуни ҷумҳуриявии гулҳо, «Сайри гули лола» бо шукуҳу  шаҳомати  хосса қайд  карда мешавад. Бо иштироки раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар дар боғи фарҳангию фароғати  ба  номи И.Сомони озмуни гулҳо «Сайри гули лола» баргузор гардид, ки дар ҷамомад аъзоёни гурӯҳ аз гулҳои баҳори лоларо ба марази тамошо гузоштанд, ва аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Роғун  ғолибон  бо мукофотҳо ва  Дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Раиси шаҳр зимни баромадаш  чунин қайд намуд,  ки Тоҷикон аз  қадимулайём  мардуми зебопараст буданд ва ба ҳар чизе, ки хотири касро шоду болида месозад, муҳаббати хос доштанд. Миёни ин муҳаббатҳо ишқи «гул» барои мардуми мо чун нишони ободӣ ва шодию сарсабзӣ арзиши бештаре дорад. Таваҷҷуҳ ба ин сарсабзӣ ва зебоиофарӣ буд, ки аз иптидо ҷашну маросими мо ба «гул» пайваст буд. Ин пайванди зебо ба ороиши хонадон, хушҳолии дӯстон, оромиши рӯҳу ҷон пайваст мебошад .  

 

    Ин муҳаббат ба андозаест, ки ҷашнҳои вожаи  мо ба гулҳо ихтисос мешавад. «Сайри гули лола» ба ҳангоми иди Наврӯз , «Сайри гули сурх» аз ин қабиланд. Бо чунин  унвон  баргузории тантанаву  шодӣ аз он далолат медиҳад, ки «Сайри гулҳо» дар ҷашнҳои миллӣ аз анъанаҳои қадимаи мост ва дар ин росто ихлоси самимӣ ба гули «лола» низ аз муҳассаноти анъанаҳои мардуми тоҷик аст ва ҳузури ин ҷашнҳо дар тасвирҳои  бадеии адабиёти классикии мо ба ин гувоҳӣ медиҳад. Воқеан, бо таваҷҷуҳ ба матолиби шеъри форсӣ, метавон гуфт, ки аз замони Рӯдакӣ то ба имрӯз камтар шоири форсизабонро пайдо кардан мункинаст, ки ба гул ва бавежа гули «лола» таваҷҷуҳ накарда бошад. Лола яке аз гулҳои маъмултарини боғи аввали баҳорӣ ба ҳисоб меравад . Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш мекунанд.                                                                                                                                                                                Бигиряд  лола бар саҳро ба сони чеҳраи лайло ,                                                                                      Бигиряд абр бар гардун ба сони чеҳраи маҷнун.       

                                                                    Таҳияи муҳаррири бахши фарҳанг  Комилова  Ҳавасмоҳ