Навоварони ҷавон

          Дар муассисаи таълимии №2-и шаҳри Роғун озмуни навоварони ҷавон баргузор гардид. Дар озмун муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи муҳандисию техникии шаҳр иштирок варзиданд. Қобили зикр аст, ки чунин озмунҳо ба хотири рушди истеъдодҳои ҷавон ва тақвияти зеҳнии онҳо пайваста гузаронида мешавад. Дар ин озмун толибилмони коллеҷи муҳандисию техникии шаҳр сазовори ҷойҳои намоён, соҳиби диплому ифтихорнома ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.