Рӯзи оила дар шаҳри Роғун

Бахшида ба рӯзи оила дар шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид.  Дар чорабини оилаҳои намунави ва оилаҳои рӯзгордида иштирок намуданд, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо туфаҳо қадрдони карда шуданд .  Оилаҳои намунави аз рузгори худ ва сабру таҳамул дар зиндаги барои оилаҳои ҷавон ва ҷавонон қиссаҳо намуда, ҷавононро барои мустаҳкамии оила панду насиҳатҳо намуда роҳҳои расидан ба пойдори оиларо шарҳ доданд. Ин чунин дар толори  Қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки оилаҳои намунави ва кормандони Сабти асноди  ҳолати шаҳрванди ба тифлакони навзод  шаҳодатномаи таваллуд супорида шуданд. Читавре ки дар Паёми Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (соли 2014) масоили мубрами ҷомеаро мавридӣ баррасӣ ва таҳлил қарор дод.

       Дар паёми сарвари давлат чун як барномаи мукаммали тадбирҷӯй пешниҳод гардид, ки баҳри ҳалли мушкилоти ҷомеа арзёбӣ гардидааст. Сарвари давлат бисёр масъалаҳоро хело ҷиддӣ таҳлил намуда, барои татбиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумату давлати Тоҷикистон дар самти иҷтимоиёт, иқтисодиёт ва фарҳангу маориф дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуд. Ва инчунин соли 2015-ро  «Соли оила» эълон намуд.

Оила мактаби аввалинест, ки инсон  дар он тарбият мегирад, донишу малакаи рузгордориро аз худ мекунад, ҳамзмстиӣ бо атрофиёнро меомузад ҳамчунин аз ин дабистоне, ки омузгоронашон падару модар мебошанд таълим мегирад. Аз ин лиҳоз таъсири оила ба инкишофи минбаъдаи инсон ҳисагузор мебошад.                  

                         

 

            Таҳияи муҳаррири бахши фарҳанг  Комилова  Ҳавасмоҳ