ВОХӮРИҲОИ  СУДМАНД

           Масъулини бахшҳои кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва намояндаи ШВКД дар шаҳри Роғун дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқшуда дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вохӯриҳои судманд баргузор намуданд. Мақсад аз баргузории вохуриҳо  дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои сиёсӣ аз ҷумла, интихоботи Маҷлиси Олӣ, вакилони Маҷлисҳои маҳаллии халқ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамзамон нисбати масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, истифодаи сару либоси бегона, тарзи солимии ҳаёти модару кӯдак ва дигар бемориҳои сирояткӯнанда, риояи Қонунҳои амаликунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози андешаронӣ карда шуд. ин вохуриҳо аз санаи 18 уми апрел шуруъ гардида, то 10 майи соли ҷорӣ идома ёфтанд. Бояд тазаккур дод, ки  мақсад аз баргузории чунин вохуриҳо дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат ва роҳнамоисозии мардум ба зиндагии шоиста мебошад.