Омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019
Бахшида ба пешвози ҷашни байналмилалии Наврӯз-2019 қарори Раиси шаҳри Роғун аз 26- декабри соли 2018, № 286 ба тасвиб расида, дар заминаи он нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иборат аз 21 банд тасдиқ гардидааст. Дар нақша чорабиниҳо тамоми корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, шуъбаву бахшҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ вазифадор гардидаанд. Бо мақсади хубтару беҳтар гузаронидани ин чорабинӣ ситоди корӣ шуруъ аз аввали моҳи феврали соли ҷорӣ фаъолияти худро оғоз намуд. То ин давра ду маротиба ситоди корӣ гузаронида шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд. Шаҳрдорӣ нақша дорад, ки чорабиниҳои варзишӣ аз қабили гуштингирӣ, бузкашӣ ва аспдавониро дар ин ҷашн баргузор намоянд. Умед аст, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Роғун ва деҳоти он бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Добавить комментарий