Хизмат ба Ватан шарафи бузург аст.

      Бахшида ба 26 солагии рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги шаҳри Роғун чорабинии идона баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр муҳтарам Сулаймонзода Музаффар аскарону афсарони қисми низомии 051058 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ва тамоми иштирокчиёнро ба ин рӯзи фараҳбахш табрику муборакбод намуд. Зикр кард, ки имрӯз тамоми мардуми сарбаланди Тоҷикистон, дар фазои сулҳу оромӣ бо ҳисси баланди худшиносӣ 26-умин солгарди ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари соҳибистиқ-лоламонро ҷашн мегиранд. Артиши миллӣ ҳимоятгарони боэътимод ва муҳофизони ҷасуру далери марзу буми Ватан мебошанд. Зеро маҳз бо садоқатмандию хизматҳои шоистаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ артиш таъсис ва рушду такомул дода шуд, ки қодир аст Ватанро ҳифз намояд ва барои зиндагии осудаи сокинони ин кишвар шароит фароҳам биорад. Гуфта шуд, ки артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои  Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихореро  паймуда,  аз  лиҳози  маҳорати  низомӣ,  интизоми  намунавӣ  ва  ифтихори  баланди  миллию  ватандорӣ  ба комёбиҳои  азиме  ноил гардидааст. Барои  ҷавонон хизмат дар  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби  обутоби ҳаётӣ  мебошад.

 Маҳз  дар  ҳамин ҷо  ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта,  муҳофизат  кардани хоки  поки  Ватанро  меомӯзанд. Ҷасорату мардонагӣ, садоқати бепоён ва фидокории хизматчиёни ҳарбие, ки  рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи  кишвар бевосита дар ҳифзи  манфиатҳои  миллӣ ва истиқлоли ватани хеш сарбаландона  саъю кӯшиш намудаанд, дар саҳфаи таърих абадӣ нақш хоҳад баст. Бояд ёдовар гардид, ки дар шаҳри Роғун қисми низомӣ 051058 гвардияи миллӣ фаъолият дорад, ки сарбозону афсарон хизмати Ватан модарро сарбаландона  адо  намуда истодаанд. Ин родмардони ғайюру содиқи  Ватанро, ки баҳри ҳифзи  марзу  буми кишвар хизмати шоёну  арзанда менамоянд ҳама вақт бо некӣ ва ифтихор метавон ёд намуд. Хизмат ба Ватан, шарафи бузург барои ҷавонони  бонангу ори миллат аст.

Худойдодов Абдулмумин