Коррупсия: Зуҳуроти номатлуб
Моҳи январи соли ҷорӣ бо мақсади расонидани муҳтаво ва шарҳу эзоҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, масъалаҳои вобаста ба коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа бо аҳолии шаҳри Роғун вохурию мулоқотҳо анҷом дода шуд. Дар вохӯриҳо Сатторзода Н. Н.-муовини сардори назорати буҷети маҳаллии АНДМ ва МКҶТ, Раҳимзода И. Ғ.-муовини якуми раиси шаҳри Роғун, Файззода Ф. У.-муовини раиси шаҳр соҳаи иҷтимоӣ, Исмонзода Ҷ.-сардори шуъбаи минтақавии АНДМ ва МКҶТ дар минтақаи Рашт, Шоҳиён Ҳ. Ш.- -нозири калон оид ба пешгирии коррупсия, Худойдодов А. Н.-мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Роғун иштирок доштанд.
Дар мулоқотҳо 570 нафар аҳолӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 218 нафарро занон ва 257 нафарро ҷавонон ташкил медоданд. Дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳолӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эзоҳ дода шуда, масъалаҳои ба коррупсия дахлдошта низ возеҳу равшан баён гардиданд. Зикр гардид, ки иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Дар бораи стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бояд ба пуррагӣ амалӣ карда шавад. Зеро коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеа таъсири манфии худро ба бор меорад. Қайд гардид, ки имрӯзҳо дар тамоми давлатҳои дунё яке аз монеаҳои асосӣ барои таъмин ва амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ин омилҳои коррупсионӣ ба ҳи
соб меравад. Коррупсия ба пешрафти илм, инкишофи фарҳанг, шуури ҷамъиятӣ таъсир расонида, иродаи ҷомеаро заъиф менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои решакан кардани ин зуҳурот аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд. Чунончи дар суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки “Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мерасонад”. Аз ин рӯ ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон барад.
Худойдодов Абдулмумин Назруллоевич- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Роғун.
Добавить комментарий