ПАЁМ: Вохӯрию мулоқот бо аҳолӣ
Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки санаи 26.12.2018 баён гардид, нақшаи вохӯриҳои Раиси шаҳри Роғун оид ба расонидани муҳтавои асосии паёми Пешвои миллат аз 7 январи соли 2019 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дода шуд. Бо ин мақсад гуруҳи кории тарғиботию ташвиқотӣ таъсис дода шуда, шуруъ аз 08.01.2018 фаъолияти худро оғоз намуданд. Мавриди зикр аст, ки вохӯрию мулоқотҳо бо ташкили 4 гуруҳи корӣ дар маркази шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраки Оби Гарм, деҳоти Қади Об ва деҳоти Сичароғ ба роҳ монда шуда, давоми рӯзҳои 8 ва 9 январ дар толори бинои МИҲД-и шаҳри Роғун, муассисаи таълимии миёнаи умумии №2, ҷойҳои ҷамъиятии кӯчаҳои Майдони Калон, Майдони Нав бо иштироки беш аз 850 нафар аҳолии маркази шаҳр ва кӯчаҳои гирду атрофи он баргузор гардид. Дар чорабиниҳо Раиси шаҳр Билол Иброҳим ва намояндаи ДИПҶТ Ҳалимзод А. Д, иштирок доштанд. Зикр карда шуд, ки дар Паёми мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро таҳлил намуд. Дар вохӯриҳо муҳтавои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ҳадафҳои муҳиму стратегии кишвар, рӯйдодҳои муҳими таърихӣ, ки дар соли 2018 ба вуқуъ пайвастанд, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати аввали «НБО Роғун», татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҳалли масъалаҳои дар тули зиёда аз ду даҳсола бавуҷудомадаи сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», амалӣ намудани «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030, эълон гардидани мараторий давоми солҳои 2019-2020 барои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ», баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин васила паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорӣ, омодагиҳо ба ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, истифодаи самараноки қувваи барқ, об ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи онҳо, нагаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, хавфи оқибатҳои номатлуби коррупсия, роҳҳои пешгирии нашъамандӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, оқибатҳои никоҳи хешу таборӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, сулҳу суббот, дастгирии занону духтарон ба илмомузӣ ва касбомузӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешрафти илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди арзёбӣ қарор дода шуданд. Зимни баромад атрофи корҳои ободонӣ, шинонидани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, таъмири роҳҳои дохили деҳаҳо, банақшагирии боғҳо ва дигар масъалаҳои зарурӣ диққати асосӣ дода шуд. Хотирнишон бояд кард, ки вохӯриҳо бо аҳолӣ дар 34 мавзеъ ба нақша гирифта шуда, то нимаи 3-юми моҳи январ идома меёбанд. Таҳияи Абдулмумини Назрулло 9.01.2019
Добавить комментарий