ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

  

32 солагии Истиқлолияти давлатии ватани маҳбубамон дар шаҳри Роғун бо исифода додани як қатор иншоотҳои таъиноташон гуногун оғоз гардид.

Чӣ тавре дар боло иброз гардид дар доираи омодагиҳо ба 32 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар раванди корҳои созандагию бунёдкориҳо  бо иштироки намояндаи Ҳукумати мамлакатамон, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло ва дигир намояндагони касбу кори гуногун санаи  5 сентябри соли ҷорӣ сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 дар деҳаи Чормағзи деҳоти Қади об ва 1 адад «Сардхона» ба истифода дода шуд.

  

Санаи 9 сентябри соли ҷорӣ бахши  тантанавии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги  шаҳри Роғун  бо иштироки Директори Агентии Тоҷикстандарт Абдулваҳобзода Темурҷон, Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр,  раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо  баргузор гардида, дар чорабинӣ Раиси шаҳр ва  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолони шаҳр барои фаъолияти самарабахш дар корҳо  бо  Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Дар охир,  ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо сурудҳою ҳунарнамоиҳои худ, ки васфкунандаи даврони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон буд, табъи ҳозиринро болида гардониданд.

 

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди                           

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                             Раҷабалиева Шоира