Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаест шоиставу ибратбахш

    Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаест шоиставу ибратбахш ва омӯхтанӣ, зеро дар як муддати барои таърихи башар кӯтоҳтарин он на танҳо аз санҷишҳои таърих сарбаландона гузашт, балки дастовардҳои назаррасу дурахшоне ба даст овард.
        Истиқлолият ин волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихи сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омадааст. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва ҳамасола 9-сентябр расман рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик ҷашни муқаддас маҳсуб мешавад.
       Дар рӯзҳои оғози Истиқлолият давлати моро имтиҳони сахту сангин интизор буд. Ин ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ буд, ки бо дасти бегонагон ва бадхоҳони миллати тоҷик тарҳрезӣ шуда буд. Аммо хиради зотии халқи соҳибтамаддуну куҳанбунёди мо дар охирин лаҳзаҳое, ки истиқлолиятамон дар вартаи фалокатҳо қарор дошт, бедор гардид ва истиқлолияти деринтизори мо ба шарофати фарзандони ҷоннисору ватандӯсташ аз фалокати нестӣ наҷот ёфт.
         Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкори созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, ҳаёти озодонаи ҳар як фарди кишвари азизамонро таъмин менамояд. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту нуҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллии худро соҳиб гардидем.
       Имрӯз парчами миллии Тоҷикистони озод дар сафи парчамҳои бузургтарин кишварҳои олам дар саҳнаҳои байналмилалӣ парафшон аст. Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои онро дар саросари олам мешиносанду арҷ мегузоранд ва эҳтироми хосса ба Сарвари он доранд. Пешвои миллати мо низ бо ташаббусҳои бунёдкоронаю созанда ва иқдомҳои тақдирсози башарӣ на танҳо давлати моро ободу зебо ва дӯстдоштанӣ мегардонанд, балки дар раванди ҷаҳонии бунёдкориву созандагӣ саҳми бориз ва назаррас гузошта, обрӯ ва нуфузи байналмилалии мамлакатамонро рӯз то рӯз боло мебардоранд. Ба шарофати сиёсати дурусти башардӯстонаву сулҳпарварона ва дастовардҳои беназире, ки имрӯз халқи тоҷик ба онҳо пайваста ноил мегардад, ҷумҳурии мо ва Пешвои хирадпешаи он аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб пазируфта мешаванд.
      Имсол низ бахшида ба санаи таърихӣ дар тамоми қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳо дар назар аст. Маҳз, самараи истиқлол буд, ки Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари хӯдро барои ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.
      Имрӯзҳо самараи истиқлолиятаст, ки Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Мо бояд аз ин миллати баруманди хеш ифтиҳор намуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Бигзор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар як фарди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва дар кору пайкорашон комёбиҳои бузург оварад.
ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКОН!