Баргузории Иҷлосияи  ҳабдаҳум  маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум   дар  шаҳри Роғун 

        Санаи 10 июли  соли 2023 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Роғун    Иҷлосияи  ҳабдаҳуми   маҷлиси  вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум  баргузор гардид, ки дар  маҷлис Раиси шаҳри Роғун, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Директори  Агентии Тоҷикстандарт муҳтарам Абдулваҳобзода Темурҷон, муовинони раис,  роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд.

 Ҷаласаи мазкур бо садо додани  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.  Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди  баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.

  1.  Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар нимсолаи аввали соли 2023;
  2. Дар бораи рафти иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025»;
  3. Дар бораи номгузорӣ намудани номҳои ивазшавандаи ғайримеъёрии маҳаллаҳои аҳолинишини  шаҳри Роғун;
  4. Дар бораи ба номи Давлатзода Саида номгузорӣ намудани хобгоҳи интернати наздимактабии шаҳри Роғун;
  5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия;

  Иҷлосияи навбатиро  раиси Маҷлиси  вакилони халқи шаҳри Роғун Саидзода С. бо таклифи вакилон оғоз намуданд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Файззода Р. «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳри Роғун дар  шашмоҳаи  аввали соли 2023» шунида шуд.

 Аз ҷониби раиси Маҷлис  пешниҳоди лоиҳаи қарор ба овоз монда шуда, аз ҷониби  вакилон қарор қабул гардид. Ҳамин тариқ, масъулин аз рӯи масъалаҳои ҷаласа баромад намуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. 

  Дар фарҷоми кори иҷлосияи  ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум   директори  Агентии «Тоҷикстандарт»  Абдулваҳобзода Темурҷон  суханронӣ  намуда,  мавсуф барои иҷроиши нақшаи чорабиниҳои ҳукумати кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз таклиф ва тавсияҳо баён намуд. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки оид  ба вусъати корҳои ободонӣ, ҷалби мардум ба созандагӣ ва дигар масъалаҳои шаҳрдорӣ корҳо ҷоннок карда шаванд.

  Дар қисмати охир кори иҷлосия марҳилаи якуми озмуни беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳаллаи аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ натиҷагирӣ гардида, ба ғолибон диплом ва мукофотҳои молиявӣ тақдим карда шуданд.

  Бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун (даъвати шашум) пӯшида эълон гардид.  

Сармутахассиси шуъбаи рушди

   иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                Раҷабалиева Ш.