Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр

     Санаи 4 июл соли 2023 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун маҷлиси машваратии назди раиси шаҳр  баргузор гардид, ки дар  маҷлис Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, инчунин дигар даъватшудагон иштирок доштанд.   Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди  баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт:

  1. Дар бораи ҳисоботи муовини раиси шаҳри Роғун оид ба иҷтимоиёт «Дар бораи рафти иҷрои Стратегия, Барномаҳо ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору амрҳои раиси шаҳри Роғун дар самти ҳифзи сиҳатии омма ва андешидани чораву тадбирҳои зарурӣ бобати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони шаҳри Роғун»
  2. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Дар бораи «Барномаи саноаткунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»
  3. Дар бораи рафти омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Тоҷикон” оинаи таърихи миллат”  ва   “Илм – фурӯғи маърифат”Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели    соли 2022, №203 “ Дар бораи Стратегияи рушди соҳаи сохтмони  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”.
  4. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №149 “Дар бораи Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026”.
  5. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, № 204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷобагузории кадрҳои роҳбарикунандаии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030”.
  6. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри 2020, №703 «Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025».

   Маҷлисро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  кушода, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд.

    Масъулин аз рӯи масъалаҳои зикргардида баромад намуданд.  Дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба сухан баромада, барои ислоҳи камбудиву норасоиҳо пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

    Бо назардошти баррасии масъалаҳо ва фикру пешниҳодҳои баёншуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

   Дар анҷоми маҷлиси машваратӣ бори дигар раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло ба масъулину мутассадиён бобати иҷрои қарорҳои ба тасвиб расида, Барномаҳо, амрҳо ва нақшаву чорабиниҳо, ҳамчунин вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.                        Сармутахассиси шуъбаи рушди                       

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                                     Раҷабалиева Шоира