Ҳукми қурбонӣ ва фазилати он

        Дар истилоҳи кишвари мо тоҷикон ин идро Иди Қурбон мегӯянд, зеро дар ин рӯз тибқи суннати Иброҳим алайҳисалом ва фармудаи Худо ва Расул бандагони доро ва сарватманд қурбонӣ карда, ба камбизоатон қисме аз он гӯштро садақа мекунанд.

      Калимаи Қурбон арабӣ буда, маънояш «қурб» ва наздик шудан ба чизе мебошад. Қурб хилоф ва накизи баъид аст. «Такарруб» – васила ҷустан ба чизеро мегӯянд. Дар дини мубини Ислом рӯзҳои хурсандиовару кӯмак ба якдигар ва зиёрати якдигар хеле зиёд аст, аммо рӯзи саиди Фитр ва рӯзи иди Қурбон дар байни мусулмонон хеле машҳуру маъруф аст.

      Дар ин рӯзҳо чандин корҳое аст, ки ба сабаби анҷом додани онҳо дар ин рӯзҳои муборак мо метавонем розигии Парвардигору бандагонашро ба даст биёрем, ҳамчуноне, ки Пайғамбари гиромии Ислом Муҳаммад салаллоҳу алайҳӣ ва салам, фармудаанд: «Парвадигори шумо барои шумо ду рӯзеро ихтиёр кардааст, ки он аз ҳама рӯзҳо беҳтар аст».

       Мақсад аз ин ду рӯз, иди саиди Фитр ва иди саиди Азҳо, яъне иди Қурбон мебошад ва дар дигар гуфтаҳои Пайғамбари гиромии Ислом салаллоҳу алайҳӣ ва салам омадааст, ки ин ду рӯз иборат аз рӯзи хурсандӣ, дӯстию бародарӣ, бахшидани якдигар, дур кардани кинаву адоват аз дилҳо ва хусусан кӯмак кардан ба оилаҳои камбизоат ва ятимон. Ҳамчуноне Худованди Таъоло дар ояти 215 сураи «Бақара» мефармояд:

       «Аз ту суол мекунад: «Чи харҷ кунанд?» бигӯ: «Он чи аз мол сарф  мекунед пас, бояд барои падару модар ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ, ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед, доно аст».

       Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳама давру замон чунин табақаҳои камбизоат ятимону барҷомондагон, фақиру заъифон ва муҳтоҷон вуҷуд дорад. Дини мубини Ислом ҳамеша инсонро барои некукорӣ ва дастгирӣ намудани чунин ашхос амр менамояд, то ин ки дар ҳар ду дунё хушбахт бошанд. Худованд дар ояти 2 сураи Моида  мефармояд;

     «Ва бар некукорӣ ва парҳезкорӣ бо якдигар мадад кунед». Чи тавре, ки аз мафҳуми ин оятҳо бармеояд, Худованд инсонро барои кумак, хайри саховат ва эҳсон кардан ба шахсони эҳтиёҷманд амр менамояд. Ҳама гуна хайру саховате, ки инсон иҷро мекунад, агар дар ҳамон ҷойи лозима ки шароат фармудааст анҷом наёбад, Худованд он хайру саҳоватро қабул нахоҳад кард.

     Пайғамбари Худо салаллоҳу алайҳӣ ва саллам дар ҳхадиси дурбори худ мефармояд ва чи гуна будани мусулмононро дар дӯстӣ ва ғамхорагӣ нисбати якдигар аён менамояд.

     «Масали мусулмонон дар дӯстии эшон бо якдигар ва ғамхории эшон бо ҳамдигар монанди як тан ҳаст, ки чун баъзе аз он бинолад ва ранҷур шавад, ҷумларо ба бехобиву таб бикашонад». Саъдии бузург ин ҳадисро бо риштаи назм даровардааст. Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор.

     Дастгирӣ намудани ятимон, бенавоён, фақирон ва бечорагон ин амалест, ки тамоми динҳои дунё ва тамоми инсоният онро тарғибу ташвиқ менамоянд ва иҷрокунандаи онро дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон меҳисобанд.

    Мардуми шарифи Тоҷикистон аз рӯи хайрдӯстӣ ва дастгирӣ намудани муҳтоҷон маъруф ва машҳур гаштаанд.

    Иди Қурбон рӯзи меҳмонии фақирону камбизоатон ва ятимон тавассути дорандагон мебошад. Бинобар ин онҳое, ки қудрати куштани як моли ҳалолро доранд, бояд аз ҳоли фақирону ятимон ва камбизоатону нодорон бохабар бошанд, зеро ин рӯз – рӯзи дӯстиву муҳаббату бародарӣ аст.

        Таълимоти Ислом моро пайваста ба он даъват менамояд, ки дар ин рӯз кинаву кудрату душманиро аз дил дур сохта, бародаронамонро дар оғӯш гирем. Пас мебояд, ки ҳар неъмати Худовандро шукргузорӣ намуда, дар ҳаққи Ватан ва кишвари азизамон, хусусан дар хаққи Пешвои миллат дуои нек ва пешрафти давлатро аз Худованди Таъоло илтиҷо намоем.

      Ҳар як фарди мусулмони озод дар сурате, ки сарватманд бошад, рӯзи иди Қурбон бояд чорвоеро ба унвони курбонӣ забҳ намояд.

      Қурбоникунанда сеяки гӯштро барои худаш, сеяки дигарро барои ҳамсояҳо ва сеяки дигарашро ба камбагалон медиҳад, ки ин мустаҳаб мебошад.

    Умедворем, ки сокинони шарафманди шаҳри Роғун баҳри оромӣ, амният ва пешравии Ватани азизамон саҳмгузор буда, барои дастгирӣ намудани ятимону эҳтиёҷмандон камари ҳиммат мебанданд.