БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВОЛОНТЁРОН ҶАМЪОМАД ДОИР ШУД

        05.12.2022                            ш. Роғун

Бахшида ба таҷлили сазовори рӯзи байналмилалии волонтёрон дар толори КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун бо иштироки масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш, КИ ҲХДТ дар шаҳри Роғун, Коллеҷи муҳандисию техникӣ, масъулони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, шӯъбаи маориф, бахши кор бо занон ва оила, мактаби варзишӣ ва ҷавонону волонтёрон чорабинӣ доир карда шуд. Дар оғоз ба муносибати рӯзи байналмилалии волонтёрон маърӯзаҳои масъулин шунида шуда, ҷавононро ба ин муносибат муовини раиси шаҳр Шарафзода Б. аз номи роҳбаряти шаҳр самимона табрик намуданд.

      Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби муовини раиси шаҳр Шарафзода Б. оид ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва иқдому ташаббусҳои самараноки Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон, дар робита ба ин ҳамзамон оид ба татбиқи самарабахши соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва ташаббусҳои созандаи раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло маърӯза пешниҳод карда шуд.

      Дар хотима волонтёрони фаъол бо сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.