Маҷлиси машваратии назди раиси шаҳри Роғун

          Санаи 28 ноябри  соли ҷорӣ  дар толори  маҷлисгоҳи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун  маҷлиси машваратии назди раиси шаҳри Роғун  баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, директорони мактабҳо, инчунин дигар даъватшудагон иштирок  доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифтанд:  

           1. Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №456 «Дар бораи Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2027»;
            2. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»;  
           3. Дар бораи ҳисоботи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун ва КВД «СОКО ва ХМК»-и шаҳр оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷамоатҳо дар ёздаҳ моҳи соли 2022;  
  1. Дар бораи баррасии пешниҳоди прократураи шаҳри Роғун аз 10.11.2022 №11н-727сод «Оиди бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргардида ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда».

  Маҷлисро Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло  кушода, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Пеш аз баррасии масъалаҳо кадри тозаинтихобшуда – мудири шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Бегиҷонзода Роҳатшо муаррифӣ карда шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома, ҳисоботи  сармутахассиси шуъбаи маорифи шаҳри Роғун Қодиров Маҳмадшариф шунида шуд. Мавсуф вобаста ба иҷрои  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №456 «Дар бораи Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2027» ҳисобот дод. Дар машварат аз ҷониби раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати беҳдошти кори таълиму тарбия, омодагӣ ба мавсими сармо ва ҷалби омӯзгорони варзида ба кори таълиму тарбия  супоришҳои мушаххас дода шуд. Вобаста ба масълаи дуюми рӯзномаи маҷлис гузориши  мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Шаҳноза «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 «Дар бораи Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»   шунида   шуд. Ба масъулини дахлдор барои  беҳтар намудани кору фаъолият дар самти татбиқи Барнома супоришҳои иловагӣ дода шуд. Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва директори  генералии КВД «СОКО ва ХМК»-и шаҳр   Раҳмонов С. шунида  шуда,  ба  масъулини дахлдор супоришҳо тибқи қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи чорум  Худойдодов Абдулмуъмин – и.в. мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр пешниҳоди прократураи шаҳр аз 10.22.2022, № 11н-727сод “Оиди бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргардида ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда”-ро ба самъи ҳозирин расонид. Раиси шаҳр                С. Саидзода иҷрои ҳатмии талаботҳои дар пешниҳод зикршударо аз тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулин тақозо намуданд. Дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба сухан баромада, барои ислоҳи камбудиву норасоиҳо пешниҳодҳои судманд баён намуданд. Бо назардошти баррасии масъалаҳо ва фикру пешниҳодҳои баёншуда қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар анҷоми маҷлиси машваратӣ бори дигар Раиси шаҳр       Саидзода С. ба масъулину мутассадиён бобати иҷрои қарорҳои ба тасвибрасида, Барномаҳо, амрҳо ва нақшаву чорабиниҳо, ҳамчунин вусъати корҳои созандагиву ободонӣ, баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона, беҳдошти кори таълиму тарбия,  тайёрии ҷиддӣ ба фасли сармо ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.