Вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳолии шаҳри Роғун

  Санаи 25 сентябри соли ҷорӣ дар  толори қасри фарҳанги шаҳри Роғун  вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо сокинони маҳаллӣ бо иштироки зиёда аз 360 нафар  доир гардид. Нахуст Аскаров Аҳмад Самадович — раиси ҳавзаи интихоботии Роғун, №6  номзадҳо ба мансаби олии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳоро ба иштирокчиён шинос намуд. Сипас Рустам Латифзода — раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Абдуҳалим Ғаффорзода — раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, шахси бовариноки номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нурзода Сафарбег — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и ноҳияи Файзобод, Мироҷ Абдуллоев — раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон ва Раҳматзода Рустам —номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар доираи барномаҳояшон андешаронӣ карда, иштирокчиёнро бо барномаҳои пеш аз интихоботии худ шинос намуданд.  Дар охир аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки барои амалӣ сохтани ҳадафҳои созанда камари ҳиммат баста, дар маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябри соли 2020 фаъолона иштирок намуда  ва ба номзади арзандаи хеш овоз диҳанд.             

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ  ва робита бо ҷомеа                Собирзода И.Х.