Китоб-маншаи илму маърифат

        

      Санаи 24 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун 5 номгӯи китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номҳои Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон-Пайвандагри дӯстии Тоҷикистон ва Россия, Роҳи Абрешим: Тоҷикистон ва Чин, Тоҷикистон 25-сол, Эмомалӣ Раҳмон Эҳёгари Роғун қисмҳои 2 ва 3, бо шумораи беш аз 162 адад ба китобхонаҳои марказии шаҳр, муассисаҳои таълимӣ тариқи ройгон дастрас карда шуд. Дар шумори ин китобҳо Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо теъдоди 51 адад дастрас гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи хонандагон ба ин китобҳо дар китобхонаҳои шаҳр зиёд ба назар расида, масъулин аз ин иқдоми наҷибонаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол намуданд.  Бояд тазаккур дод, ки яке аз китобҳое, ки дар шаҳр мавриди таваҷҷуҳи бештари хонандагон қарор дорад ин китоби Эмомалӣ Раҳмон Эҳёгари Роғун ба шумор меравад. Зеро бунёди иншооти тақдирсози миллат ба сокинон ва шаҳри овозадори Роғун пайванди ногусастанӣ дорад. 

    Дар доираи тақсимоти китобҳо ба китобхоначиён аз ҷониби намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки китобҳои мазкур бояд дастраси хонандагон гардонида шуда, зери назорати масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дода шавад.   

           Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Худойдодов А. Н.