Ҷашни Истиқлолият-Рамзи ободонии диёр

         Санаи 8 сентябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Роғун бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Давлатзода Қудрат  маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода Музаффар ҳозиринро бо суханони табрикотӣ шодбош гуфт. Зикр кард, ки имсол ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шароите фаро мерасад, ки мардуми шарифи кишварамон ба чорабинии сарнавиштсозу таърихӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. 

       Аз ин рӯ, ҳар як нафарро зарур аст, ки бо дарки масъулияти баланд баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаҳду талош варзанд. Қобили зикр аст, ки дар маҷлиси тантанавӣ шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сазовор дониста шудаанд, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ширкат варзиданд. Аз ҷониби намоянда мукофотҳои давлатӣ ба шахсони мазкур тақдим карда шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 29 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ пурзӯр карда шуда, 6 иншооти замонавӣ аз қабили маркази савдо, марказҳои шустушӯ ва таъмири нақлиёт, таваққуфгоҳи нақлиёт, гӯшаи деҳқон, ошхона ва маркази истеҳсоли маҳсулотҳои нонӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин радиф корҳои тозагию озодагии шаҳр ҷоннок карда шуда, ҳафтае як маротиба ҳашарҳои оммавӣ баргузор карда мешаванд. 

       Насби шиору овезаҳо ва парчамҳо бахшида ба ҷашни мазкур, ивази навиштаҷотҳои куҳнаю фарсуда аз қабили корҳое мебошанд, ки дар арафаи ин ҷашн ба иҷро расонида шуданд. Дар тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот навбатдории шабонарӯзи ташкил карда шуда, тартиботи ҷамъиятӣ, амният ва бехатарӣ аз сухтор зери назорати мақомоти дахлдор ба роҳ монда шуд.                          

                                               Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Худойдодов А. Н.