Иҷлосияи ғайринавбатии сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун

        Иҷлосияи ғайринавбатии сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун, даъвати шашум рӯзи 31 августи соли 2020, соати 800 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз рӯи  масъалаи «Дар бораи интихоб намудани намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун ба маҷлиси намояндагони вакилони халқии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» даъват карда шуд. Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони мақмотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок намуданд. Иҷлосия бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас, масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта шуд, ки тибқи меъёри муқарраргардида, шумораи намояндагони вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун ба Маҷлиси якҷояи вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пешбарии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи 29 вакил 6 вакил муқаррар карда шавад. Бинобар ин, вакилони зерини Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун ҳамчун намояндаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун дар иҷлосияи якҷояи намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ оид ба пешбарӣ намудани номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуданд:

1.Сулаймонзода Музаффар Сулаймон, раиси шаҳри Роғун

2.Камолов Тоир Холович-муовини директори генералии ҶСК «Осоишгоҳи Оби Гарм» 

3.Файззода Фирӯза Убайдулло-муовини  раиси шаҳри Роғун

4.Қарчиев Давлатбек Ҷаҳфарович, директори ҶСФ «Сохтмони асосӣ» -ҶСК «НБО-Роғун»

5.Давлатзода Махфират Қодир, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун

6. Расулова Мусалама Саидовна, сардори шуъбаи умумии котиботи ҶСК «НБО-Роғун»

Пас аз интихоби вакилон иҷлосияи ғайринавбатӣ бо садо додани суруди миллӣ пушида эълон гардид.