Суханронии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Роғун муҳтарам Сулаймонзода М. дар баргузории ҷашни Сада

     Санаи 31 январи соли ҷорӣ дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ҷашни Сада баргузор гардид. Дар ҷашни мазкур иҷрокунандаи Раиси шаҳри Роғун суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷашни Сада аслан иди мавсимии халқиятҳои ориёинажод  бахусус тоҷикон мебошад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози санаи 31-уми январ рост меояд. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Сада яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митра ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат, мужда аз фасли зебои сол яъне баҳор ва оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик  расидани баҳор ва Наврӯз меовард. Сада дар баробари Меҳргон ва Наврӯз яке аз идҳои миллии мо тоҷикон мебошад, ки бо худ чандин рамз ва унсурҳои хосро касб намудааст. Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодони мардуми мо қарор дошта, аз замони дуру дарози таърих маншаъ мегирад. Сада рамз ё пайки баҳор, айёми зебошавии табиат ва оғози кишту корӣ  деҳқон мебошад. Ба ҷашни Сада Истиқлолият умри дубора бахшид. Ин ҷашн дар тамоми гушаю канори кишварамон бо шукуҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак ғалакорон боғу токпарварон, чорводорон бо ғайрати дучанд  заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишварамон саҳми намоён мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Садаро аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон хонда, хостори эҳёи ин ҷашн шуда буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Сада яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад пайдоишу такомул ва таҳавули минбаъдааш асосан ба шуғли кишоварзӣ марбут аст. Ҷашни Сада таҷасумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса инъикос менамояд ва онҳоро боз ба омода будан ба кишту корӣ баҳорӣ мужда медиҳад. Дар мавсими зимистон ва анҷоми чилла фаро расидани иди Сада басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадааст. Таҷлили расмии иди мазкур далели он аст, ки мардуми шарафманди шаҳри Роғун дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи асосии худ медонанд.

 

      Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун манбаи асосии истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва ашёи хом буда, дар таъмин намудани талаботи ҳамарӯзаи аҳолии шаҳрамон саҳми босозае дорад. Таҳлилҳо нишон дод, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад.  Меҳнаткашони  зафарманди шаҳри Роғун дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ кору зиндагӣ карда, бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона  дар пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон саҳми  сазовори худро гузоштаанд. Бо ин мақсад кишоварзон ва деҳқонони  шаҳри Роғун баҳри пурнозу неъмат гардонидани дастархони сокинони шаҳр ва кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, аз ҳозир омодагии ҳаматарафа мебинанд, то ин ки  бо истифодаи самараноки замин ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишварамон саҳм гузоранд. Инчунин зикр кард, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Аз ин иқдоми Пешвои муаззами миллат мардуми шарифи шаҳри Роғун руҳбаланд гардидаанд, зеро ин иқдом метавонад боз ҳам ба эҳё ва рушди деҳот ва  ҳунарҳои миллӣ дар ҷумҳуриамон таъсирасон бошад. Дар охир Сулаймонзода М. бори дигар ин санаи муҳимро ба ҳамаи  иштирокчиён муборакбод намуд.