БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ РОҒУН ДАР МИЁНИ НАВРАСОНУ ҶАВОНОНИ ШАҲРИ РОҒУН ОҒОЗ КАРДА ШУД

 Дар шаҳри Роғун бахшида ба Рӯзи  ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки 10 даста мусобиқаи кушоди шаҳри аз намуди футболи хурд дар миёни наврасону ҷавонон барои дарёфти ҷоми раиси шаҳри Роғун баргузор карда шуд. Мавриди зикр аст, ки ин чорабинӣ дар заминаи ташаббуси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти футболи Точикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки мақоми байналмиллалиро соҳиб гардидааст доир карда шуд. Мусобиқаро муовини раиси шаҳри Роғун Шарафзода Баҳром кушода аз номи раиси шаҳр ҳозиринро ба муносибати ин дастоварди таърихӣ, ки дар таърихи футболи ҷаҳонӣ саҳифаи навро боз кард самимона табрик гуфта, ҳамзамон иброз карда шуд, ки ин дастовардҳо албатта дар заминаи сиёсати хирадмандона ва варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Баргузор кардани ин чорабиниҳои варзишӣ ба рушди варзиш хусусан футбол дар миёни наврасону ҷавонон ва сокинон таъсири муфид гузошта, ҳамзамон ба таҳкими дӯстию якдигарфаҳмӣ ва тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоидати фаъол менамояд. Мавриди зикр аст, ки ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25-май дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил мегардад аз ҷониби масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун низ дар ҳамкорӣ бо масъулони сохаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд дар миёни ҷавонон ва сокинони шаҳр ташкил ва баргузор мегардад.          

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа