БАРГУЗОРИИ ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО УСУЛИ «МАКТАБ БА МАКТАБ» ДАР МТМУ №2-и МАРКАЗИ ШАҲРИ РОҒУН
Санаи 5 майи соли 2026 дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо усули “Мактаб ба мактаб” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун вохурии гурӯҳи корӣ бо ҷалби сохторҳои идеологӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо усули «Мактаб ба мактаб» бо ҷалби волидайн, хонандагону омӯзгорон ва фаъолони ҷомеа баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, таҳкими ҳамкории мактаб ва оила, риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, инчунин тарбияи ватандӯстиву масъулияти шаҳрвандии хонандагону шаҳрвандони шаҳри Роғун ба ҳисоб меравад. Зимни вохури ва чорабинии фаҳмондадиҳӣ масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа, нақши мактаб ва оила дар тарбияи насли наврас, худшиносии миллӣ ва саҳми шаҳрвандон дар пешрафти давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар вохӯрии таҳкими роботи бо ҷомеа, ҳамкорӣ судманди волидон бо мактубу маориф, фаъолгардонии нақши оила дар тарбияи ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ, ифротгароии динӣ, ҷиноятҳои махсусан вазнин дар миёни ҷомеа, пешгирии қонуншиканӣ дар миёни ноболиғон ва фаҳмонданӣ зарару оқибати ҷинояткорӣ ба аҳли ҷомеа суханрониҳо аз ҷониби мутахассисон ва фаъолон доир гардид. Албатта, иштирокчиён фикру андешаҳои худро баён намуда, дар муҳокимаи озод фаъолона иштирок карданд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки чунин чорабиниҳо барои тақвияти ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинону шаҳрвандон ва хонандагону волидони онҳо аҳамияти хело муҳим дошта, мунтазам дар миёни ҷавонон ва калонсолон доир карда шавад.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
