ИСТИҚБОЛИ ГАРМУ САМИМИИ ВАРЗИШГАРОНУ ҶОИЗАДОРОНИ МУСОБИҚАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН

 Рӯзи 5 майи соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва ҶСК НБО Роғун боздиди варзишгарони шинохта, ҷозидарони мусобиқаиҳои байналмиллалӣ ва бозиҳои олимпӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими стратегиии мамлакат НБО Роғун ташкил карда шуд. Меҳмононро раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, масъулини соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, роҳбарияти ҶСК НБО Роғун қабул намуда, баъдан варзишгарон аз қитъаҳои майдони сохтмон дар ин иншооти азими аср дидан намуданд, варзишгарону ҳамроҳон зимни боздид, аз ин иншоот таасуроти худро иброз намуда, бори дигар аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сохтмони НБО Роғун ва дастгирию ғамхориҳои роҳбари давлатамон нисбат ба рушди соҳаи варзиш андешаи худро баён доштанд.    

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа