ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ САРБОЗОН БАРГУЗОР КАРДА ШУД
Дар Қисми низомии 051058-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун маросими савгандёдкунии наваскарон дар фазои идона ва омодагии баланди ташкили доир карда шуд. Дар чорабинии мазкур Шарафзода Б.-Муовини раиси шаҳри Роғун иштирок карда, ҳайати шахсии ин қисми низомиро ба ин муносибат аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун самимона табрик гуфта, ба сарбозону афсарони шуҷоъи Ватан дар адои хизмати садоқатмандонаашон муваффақиятҳои шоистаро таманно намуданд. Дар ҷамъомади идона иброз гардид, ки имрузҳо бо таваҷҷӯҳи ҳукумати мамлакат ва махсусан таваҷҷуҳу дастгириҳои хосаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароитҳои маишию хизматии ҳамаи қисмҳои низоми боз ҳам беҳтар шуда, хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмард мояи ифтихори баланд ва шарафи бузурги ҷавонмарди дониста мешавад. Дар чорабинии идона, дар вақти суханрониҳо бо сарбозону афсарон ва волидону меҳмонон аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва қаҳрамонии фарзандони фарзонаи миллати тоҷик баҳри ҳифзи марзу буми муқаддаси Ватани азизамон ва рушду ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ, инчунин ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ роҳбари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пос доштани арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими тарбияи ватандӯстии фарзандон, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ миллии ҷавонон ва дар фазои баланди идона таҷлил намудани ҷашни бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати самимона анҷом дода шуд. Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ ба ҳозирин барномаи фарҳангии ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр пешниҳод карда шуд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
