ВОХУРИИ ГУРУҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ ЧАШМАИ КУЛЛОИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАДИ ОБ ДОИР КАРДА ШУД
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Прокуратураи шаҳри Роғун ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр вобаста ба расонидани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва созандагӣ, пешгирии ҳамагуна ҷинояткорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ дар ин деҳа бо сокинону фаъолонаи он вохурии судманд баргузор карда шуд. Дар чорабинии баргузоркардашуда Саидзода Сунъатулло раиси шаҳри Роғун, Сафарзода Бахтибек-прокурори шаҳри Роғун, Ғаниев Оятулло-сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Роғун, Файзуллозода Илҳом-сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, Шарафзода Баҳром-муовини раиси шаҳри Роғун, Қосимзода Нусратулло-раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр Роғун иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур, инчунин аъзоёни гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дахлдори раиси шаҳри Роғун, ходимони дин, масъулини соҳаҳои маориф ва бахши дин иштироки фаъолона доштанд. Ба ҳозирин, оид ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарзо, яъне терроризм ва экстремизм, оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида дар ин самт, татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, дар солҳои 2026-2030″, пешгирии омилҳои экстремизми динии хушунатомез, пешгирии ифротгароии динӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ва дигар омилҳои номатлуби ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ бо суханрониҳои муфид ба аҳли ҷамъомад фаҳмонида шуд. Дар вохӯрии мазкур, махсусан аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии зуҳуроти терроризм ва экстремизм тавассути тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити оилавӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, омӯзиши илму дониш, технологияи инноватсионии муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пешгирии ҳамаи намуди ҷинояткори дар миёни шаҳрвандон, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз ҷониби ҷавонон мисолҳои мушаххас оварда шуданд.
Дар идомаи вохӯрии мазкур, оид ба амали намудани Қарори раиси шаҳри Роғун, аз 4 апрели соли 2026 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар шаҳри Роғун барои солҳои 2026-2030” ва мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт бо мисолҳои мушаххас суханронӣ карда шуд. Дар радифи ин, инчунин иброз гардид, ки муқовимат бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва хусусан дастгоҳи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба ҳисоб рафта, аз ҷониби масъулини ин соҳа ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ду гурӯҳи корӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва махсусан дар Ҷамоати деҳоти Қади Об боз ҳам тақвият бахшида мешавад. Дар вохӯрии мазкур, ҳамзамон аз ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо, таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, пешгирии терроризму экстремизм, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, байналмиллалӣ намудани гуштини миллӣ гӯштингирӣ ва махсусан иқдоми наҷибу таърихии Пешвои миллат, овардани хоки мазори қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва шахсияти хизматнишондодаи миллати точик Ниссор Муҳаммад ба Ватан дар ин вохӯри ёдоварии махсус карда шуд. Илова бар ин, дар ин вохӯрӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май ва Рӯзи ҷаҳонии футбол 25-май суханрони хоса карда шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба мавзӯҳои барассишаванда дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ” ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, тантанавӣ фароғатӣ, чорабиниҳои ободонӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва ҳамоишу конфренсияҳои илмию назариявиро дар ин самт минбаъд низ дар миёни шаҳрвандон ва сокинони деҳаҳо роҳандозӣ менамояд.
Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
