ДАР ШАҲРИ РОҒУН ВОХУРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВОБАСТА БА АМАЛИГАРДОНИИ СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040 ВА НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ АМАЛИСОЗИИ ОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030 ДОИР КАРДА ШУД

   Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи шаҳри Роғун ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр вобаста ба татбиқи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, таҳти рақамӣ 73 “Дар бораи Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, дар солҳои 2026-2030″ вохурии судманд баргузор карда шуд. Дар чорабинии баргузоркардашуда Исмоилзода А.-муовини якуми раиси шаҳри Роғун, Шарафзода Б.-муовини раиси шаҳри Роғун, Убайдзода Хусрав-прокурори калони маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Баҳодур-ёрдамчии калони Прокурори шаҳри Роғун, Ғаниев Оятулло-сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар шаҳри Роғун, Файзуллозода Илҳом-сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Роғун, Раҳимзода Шаҳриёр-муовни якуми сардори раёсати АНДМ МК дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар чорабинии мазкур, инчунин аъзоёни гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм, роҳбарони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси шаҳр, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, қитъаи хонаҳо, шӯрои маҳаллаҳо, шӯрои собиқадорон, шӯрои кор бо занон ва кор бо ҷавонон, ходимони дин, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг ва маориф иштироки фаъолона доштанд. Ба ҳозирин, оид ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарзо, яъне терроризм ва экстремизм, оид ба санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида дар ин самт, татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, дар солҳои 2026-2030”, пешгирии омилҳои экстремизми динии хушунатомез, пешгирии ифротгароии динӣ, пешгирии ҷиноятҳои марбут ба экстремизм, амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт ва дигар омилҳои номатлуби ин зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ бо суханрониҳои муфид ба аҳли нишаст фаҳмонида шуд.

 Дар ҳамоиши мазкур, махсусан аз ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии зуҳуроти терроризм ва экстремизм тавассути тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити оилавӣ, таҳкими тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои истиқлолияти давлатӣ, омӯзиши илму дониш, маърифат, технологияи инноватсионии муосир, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ аз ҷониби ҷавонон мисолҳои мушаххас оварда шудаанд. Дар идомаи вохӯрии мазкур, оид ба амали намудани Қарори раиси шаҳри Роғун, аз 4 апрели соли 2026 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар шаҳри Роғун барои солҳои 2026-2030” ва мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт бо мисолҳои мушаххас суханронӣ карда шуд. Дар радифи ин, инчунин иброз гардид, ки муқовимат бо терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва хусусан дастгоҳи идеологии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ба ҳисоб рафта, аз ҷониби масъулини ин соҳа ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ду гурӯҳи корӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр мунтазам фаъолият менамоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун тибқи нақшаи чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба ин мавзӯъ дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли таҳкими худогоҳию худшиносии миллӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ” ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, тантанавӣ фароғатӣ, чорабиниҳои ободонӣ, мулоқоту вохӯриҳо ва ҳамоишу конфренсияҳои илмию назариявиро дар ин мавзӯъ минбаъд низ дар миёни шаҳрвандон роҳандозӣ менамояд.      

 

 

 

 

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа