ҚАБУЛИ МЕҲМОНОН ВА БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНАИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРИ РОҒУН ТАҲТИ УНВОНИ “ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ”

 Рӯзи 15 апрели соли 2026, дар шаҳри Роғун ва ҶСК НБО Роғун бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии идонаи Наврӯзӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки КИ марказии ҲХДТ, Кумитаҳои ҳизбӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва дигар масъулини дахлдор баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Мушовири Директори генералии ҶСК Роғун Шамсулозода Маҳмадсаид, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, инчунин кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказӣ ва намояндагони сохторҳои ҳизбӣ аз ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Дар оғоз меҳмонон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар даромадгоҳи шаҳр бо намоиши барномаи махсуси ҳунармандӣ ва фарҳангию маърифатӣ қабул гардида, баъдан аз қитъаҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқии обии Роғун, иншооти муҳими стратегии кишвар, ки яке аз рамзҳои пешрафти иқтисоди миллӣ ва ифтихори мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад, боздид ба амал оварданд.

Масъулони неругоҳ меҳмононро бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос намуда, аз лаҳзаҳои таърихии бастани маҷрои дарёи Вахш, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд, ёдовар шуданд. Дар идома, маросими расмии ифтитоҳи чорабинӣ баргузор гардида, зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки Неругоҳи барқии обии «Роғун» имрӯз ба як мактаби воқеии дӯстиву бародарӣ ва сулҳу ҳамгироӣ табдил ёфтааст, ки дар он намояндагони миллатҳои гуногун паҳлуи ҳам фаъолият мекунанд. Ин арзишҳо бо моҳияти ҷашни Наврӯз, ки рамзи эҳё, покӣ, муҳаббат, ваҳдат ва некист, ҳамоҳанг мебошанд. Таъкид шуд, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати тоза эҳё гардида, мақоми байналмилалӣ касб намудааст ва бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намудани он вазифаи ҳар як фаъоли ҷомеаи мо мебошад. Пас аз қисмати тантанавӣ барномаи рангини фарҳангии ҳунармандони шинохта пешниҳоди меҳмонон ва сохтмончиёни НБО Роғун гардонида шуд.  

 

 

 

Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа