Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Роғун
Санаи 6 августи соли 2023 дар шаҳри Душанбе дар боғи фарҳангию фароғатии Куруши Кабир намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаҳои фарҳангиву адабии шаҳри Роғун ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Роғун, роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо дар шаҳри Роғун ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Дар намоишгоҳи мазкур маҳсулотҳои кишоварзӣ аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, тарбуз, харбуз, боимҷон, қаламфури булғорӣ; маҳсулотҳои нонӣ аз қабили кулчаи калон, кулчаҳои қандил, кулчаи майда, кулчаи чоӣ, чапотӣ, гирдача; маҳсулотҳои қаннодӣ -донагӣ аз қабили бодом, писта, мавиз, ғулинг; меваҳои тару тоза аз ҷумлаи себ, шафтолу, олу, олуча, ангур, мандарин, банана, кивӣ; хӯрокҳои миллӣ аз ҷумлаи қурутоб, умоч, оши бурида, оши туппа, фатирмаска, ширбринҷ, бринҷоба, ҳолмон, манту, нашоиста, гандумбоч (бо гушти гов), оши палов; ҳунарҳои мардумӣ ва намоиш масолеҳи кишоварзӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта шуданд.
Ҳозирин аз намоишҳо дидан намуда, сипас меҳмонон оид ба самараҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободию сулҳу субот, фаровонии неъматҳо шукуфоии ҳамешагии ватани азизамон ва дигар масоили ба ин марбут суханронӣ намуда, ҳозиринро ба шукронаи ин Сарвари оқилу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ватани соҳибистиқлоламон даъват намуданд.
Дар қисмати тантанавии чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Роғун бо барномаҳои фарҳангии худ баромад намуда, табъи иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий