Баргузории нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти шашмоҳа
Санаи 15 августи соли 2023 соати 10 00 бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ оид ба ҳисоботи ҷамъбастии шашмоҳаи соли 2023 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП- 1729 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Агентии МИТ «Ховар», «Садои Душанбе» ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, миёни хабарнигорони васоити ахбори омма ва иштирокчиён саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Ба саволҳои хабарнигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Мутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Забирзода Мутриба
Добавить комментарий