Баргузории нишасти матбуотӣ дар шаҳри Роғун
Санаи 6 феврали соли 2023 соати 10 00 бо иштироки роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шуъбаю бахшҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Роғун нишасти матбуотӣ оид ба ҳисоботи ҷамъбастии соли 2022 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 №АП- 1729 баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ намояндагон аз нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо», Агентии МИТ «Ховар», «Садои Душанбе» ва рӯзномаи шаҳрии «Нури Роғун» иштирок доштанд.
Нишасти матбуотиро Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, миёни хабарнигорони васоити ахбори омма ва иштирокчиён саволу ҷавоб ҷараён гирифт. Ба саволҳои хабарнигорон Раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаю бахшҳо ва роҳбарони дигар сохторҳои дахлдор ҷавобҳои муфассал гардониданд.
Дар охир, Раиси шаҳр Саидзода Сунъатулло аз ҷониби роҳбарияти нашрияи «Садои мардум» барои пайгирии доимии сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дасгирии ҳамешагии нашрияи «Садои мардум» бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд, ҳамчунин бобати иҷрои саривақтии нақшаи супоришии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини Обуна ба нашрияи «Садои Мардум» директори маркази алоқа ва почта дар шаҳри Роғун Абдураҳимов Аҳад бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий