Ҳисобот оиди нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун дар ҷамъбасти соли 2022
Бо мақсади ноил гардидан ба дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Роғун барои солҳои 2021-2025, таҳия ва бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 12 апрели соли 2021 №72 тасдиқ карда шудааст, ки тибқи нақша 88 лоиҳаи рушди хоҷагии халқ ба маблағи 204,8 млн сомонӣ нақша гирифта шудааст.
Рафти иҷрои лоиҳаҳои барномаи рушд нишон дод, ки дар давоми соли ҷорӣ 32 лоиҳаҳо дар маҷмӯъ 36 фоизи лоиҳаҳо мавриди иҷроиш қарор дода шуд, ки ин нишондод азхудкунии 20,7 млн. сомониро дар бар мегирад, Аз ин 2,2 млн. сомонӣ сармояи хориҷӣ, 3,8 млн. сомонӣ буҷети маҳаллӣ, 50,0 ҳазор сомонӣ буҷети ҷумҳуриявӣ ва 14,6 млн. сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша мебошад.
Айни замон дар 8 лоиҳаи дигари барнома корҳои сохтмонӣ идома дорад. Аз ҷумла; бинои хариду фурӯши нақлиётҳо ва таъмири онҳо, бинои ошхона ва меҳмонхона дар шаффати шоҳроҳи Душанбе-Рашт, бинои меҳмонхона, ошхона ва осоишгоҳ дар шаҳраки Оби Гарм, бинои МТМУ №11, сохтмони 10 синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ-и №19 деҳаи Чормағз, бинои хобгоҳи хонаи бачаҳо дар шаҳраки Оби Гарм, бинои маъмурии прокуратураи шаҳр ва таҷдиди роҳи 11 км аз роҳи асоси то маркази шаҳр.
Дар соли 2022, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти неруи барқи НБО Роғун ба 481,0 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021, 33,0 млн сомонӣ ё 107,4 фоиз зиёд мебошад. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ беназардошти неруи барқи НБО Роғун ва шабакаи барқ, 24,4 млн. сомонӣ, расонида шуд, ки нисбат ба соли 2021, 12,1 млн. сомонӣ, ё ин ки 2,5 баробар зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана дар ҷамъбасти соли 2022, 41,9 млн. сомониро ташкил дода, нисбати соли 2021 нишондоди мазкур 3,1 млн. сомонӣ зиёд ё 108,1 фоиз мебошад.
Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҷамъбасти соли 2022, 55,0 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 102,1 фоизро дар бар мегирад.
Қисми даромади буҷети шаҳр, дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ бо назардошти андози иҷтимоӣ мутобиқи нақша 214,2 млн. сомониро ташкил медод, ба маблағи 130,7 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки иҷрои ин нишондод 61 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша ба маблағи 83,4 млн. сомонӣ кам иҷро гардидааст.
Аз ҷумла буҷети маҳаллӣ ба ҷойи нақшаи аниқшуда 42,4 млн. сомонӣ 42,5 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки ба 100,2 фоизи нақшаи аниқшуда баробар мебошад.
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ бошад, мутобиқи нақша 94,2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод ба маблағи 33,8 млн. сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуда, иҷрои он 35,9 фоизро дар бар мегирад ва нисбат ба нақша ба маблағи 60,4 млн. сомонӣ кам иҷро гардидааст.
Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, ба ҷойи 42,9 млн. сомонии нақшавӣ дар ҳаҷми 41,9 млн. сомонӣ иҷро шуд, ки ин нишондод 97,6 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи маълумотҳои пешакӣ нақшаи тасдиқшуда бо дар назардошти тағийроти воридгардида ба нақшаи андозҳо ҳамаи намудҳои андозу даромадҳо, ба ҷойи 207,5 млн сомонӣ, дар маҷмӯъ (бо назардошти андози иҷтимоии ғайри буҷетӣ) 124,3 млн сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нишондод 60 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Нишондоди мазкур нисбат ба нақшаи пешбинишуда, 83,1 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,8 млн сомонӣ кам мебошад.
Нақшаи андози иҷтимоӣ дар соли 2022, 70,8 млн сомонӣ пешбинӣ гардида буд, ки иҷроиши он 47,9 млн сомонӣ ё 68 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақша 22,9 млн.сомонӣ кам буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 млн сомонӣ кам мебошад.
Бақияпулиҳои андоз бо дарназардошти пардохтҳои иҷтимоӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2022, 30,0 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2022, 11,6 млн сомонӣ кам гардидааст.
Дар соли 2022, нақшаи 4 намуди андоз иҷро нашуд, аз он ҷумла; андози даромад ба маблағи 25,3 млн. сомонӣ, андоз аз арзиши иловашуда 40,2 млн. сомонӣ, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба маблағи 22,9 млн. сомонӣ ва андози тибқи низоми содакардашуда 774,2 ҳазор сомонӣ дар маҷмӯъ 89,1 млн сомониро ташкил медиҳад.
Мутобиқи маълумотҳо аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳри Роғун ба ҳолати 1 январи соли 2023, дар маҷмӯъ 1662 субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, 297 адад шахсони ҳуқуқӣ, 176 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент фаъолияткунанда, 109 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо шаҳодатнома фаъолияткунанда ва 1080 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, 23 шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Дар соли 2022, аз тарафи бонкҳои дар шаҳри Роғун фаъолиятдошта, дар маҷмӯъ ба маблағи 203,4 млн. сомонӣ хизматрасониҳои пулӣ ба иҷро расонида шудааст. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун буда, 152,9 млн. сомонӣ ва филиали ҶСК «Ориёнбонк» 50,5 млн. сомонӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ тавассути бонкҳо ба маблағи 121,6 млн. сомонӣ аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳрвандони шаҳри Роғун интиқол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин нишондод ба филиали бонки «Амонатбонк» дар шаҳри Роғун буда, 73,4 млн. сомонӣ, филиали ҶСК «Ориёнбонк» 12,9 млн. сомонӣ ва маркази хизматрасонии ФҶСК «Бонки Эсхата»-и шаҳри Роғун 35,3 млн. сомонӣ рост меояд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо 12,9 млн. сомонӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба муштариён қарзҳо дода шудаанд, ки ба филиали бонки «Амонатбонк» 5,2 млн. сомонӣ, филиали ҶСК «Бонки Эсхата» 7,7 млн. сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, 311,7 ҳазор сомонӣ қарз кам дода шудааст. Пасандозҳои аҳолӣ дар бонкҳо дар соли 2022, 7,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022 дар шаҳри Роғун 151,5 млн кВт.соат неруи барқ қабул карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, ба миқдори 4,8 млн. кВт соат зиёд хароҷот карда шудааст. Барқи фоиданок бошад, 121,3 млн кВт соатро ташкил медиҳад.
Маблағи ҳисобшуда дар соли ҷорӣ аз истифодаи қувваи барқ 49,8 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбати соли 2021, 231,6 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Маблағи пардохти неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ 78,6 млн сомониро ташкил медиҳад ва нисбати соли 2021, 31,5 млн сомонӣ кам ҷамъоварӣ карда шудааст. Иҷрои нақшаи пардохти нерӯи барқ дар ҷамъбасти соли 2022, ҳамагӣ 157 фоиз, аз он ҷумла аҳолӣ 95 фоиз, корхонаҳо 166 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи умуми истифодаи қувваи барқ дар соли 2022, 11,3 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022, аз ҳисоби маблағҳои нақшавии буҷаи давлатӣ ва иловагӣ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ, азнавсозӣ ва тармими як қатор иншоотҳо ба нақша гирифта шуд, ки маблағи умумии 3,6 млн. сомониро (тибқи нақшаи солона) дар бар мегирад. Аз маблағи мазкур 1,8 млн. сомонӣ барои идомаи «Сохтмони маҷмааи ёдгории Исмоили Сомонӣ» дар маркази шаҳри Роғун 820,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои ҳудуди шаҳр, 500,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири ҷории бинои МИҲД-и шаҳри Роғун, 350,0 ҳазор сомонӣ барои азнавсозии боми боғчаи №1 «Парасту» ва 168,0 ҳазор сомонӣ барои сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар МТМУ-и №19 деҳаи Чормағз пешбинӣ шуда,ба иҷро расонида шуд.
Аз ҳисоби соҳибкорон бошад дар ҷамъбасти соли 2022, ба маблағи 3,2 млн сомонӣ иншоотҳои зерин сохта ба истифода дода шуданд, аз қабили сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Сангобаи Ҷамоати деҳоти Қади Об ба маблағи 84,3 ҳазор сомонӣ, сохтмони маркази хизматрасонӣ, мағоза хӯрокворӣ ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 480,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони сехи сангтарошӣ ба маблағи 103,5 ҳазор сомонӣ, бунёди шаршара ва кабудизоркунӣ ба маблағи 64,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони осоишгоҳ дар кӯчаи О.Карим ба маблағи 180,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони бинои ҳамом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва меҳмонхона дар кӯчаи Норакиён ба маблағи 800,0 ҳазор сомонӣ, сохтмони сехи коркарди қуму шағал дар деҳаи Сичароғ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ, азнавсозии боми бинои боғчаи №6“Офтобак” ба маблағи 260,0 ҳазор сомонӣ.
Дар соли 2022, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз ҳисоби иҷораи амволи давлатӣ 91,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид намудааст. Инчунин аз ҳисоби қонунигардонии дороиҳо ва молу мулки ғайриманқул дар шаҳри Роғун 102,4 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст.
Ҳоло дар шаҳр аз тарафи сафорати Ҷопон лоиҳаи сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №19-и деҳаи Чормағз ба маблағи 1 200,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шуд.
Аз ҷониби муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Роғун дар ҷамъбасти соли 2022, корҳои таъмирӣ ва нигоҳдори ба маблағи 242,1 ҳазор сомонӣ, ба иҷро расонида шуд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ дар ҷамъбасти соли 2022, 88,9 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021, 2,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар соли 2022, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 925,7 тонна, ё 109,8 фоиз, шир 6198,9 тонна, ё 100,8 фоиз, тухм 889,3 ҳазор дона, ё 101,2 фоиз, пашм 18,4 тонна, ё 106,3 фоиз ва асал 33,2 тонна, ё 101,2 фоиз таъмин гардид.
Дар соли 2022, зиёда аз 18,3 га боғи нав бунёд гардида, барқароркуни боғҳои кӯҳна бошад, ба миқдори 3,4 га аз тарафи замин истифодабарандагон ба иҷро расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботи саршумори чорвои калони шохдор 18021 сарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 390 сар зиёд мебошад. Саршумори моли майда 56161 сар ба ҳисоб гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4465 сар зиёд мебошад. Инчунин саршумори паранда 27702 сарро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1332 сар зиёд мебошад, асп 439 сар нисбати ҳамин давраи соли гузашта 40 сар зиёд, занбӯри асал 3860 оила нисбати соли гузашта 192 оила зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Бобати пешгирӣ намудани қонувайронкуниҳо нисбати истифодабарандагони замин аз тарафи кумитаи идораи замини шаҳр дар ҷамъбасти соли 2022, ҷамъ 85 ҳолати қонувайронкунӣ оид ба ҳолат ва истифодаи замин дар майдони 15,23 га замин ошкор гардид. Нисбати 81 нафар ба маблағи 51,7 ҳазор сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул намуд. Дар маҷмӯъ 70 ҳолати қонунвайронкунӣ дар масоҳати 12,98 га замин дар маҳал бартараф карда шудааст.
Дар соли 2022, 192 шиносномаи техникии ҳавлидорӣ бо масоҳати умумии 31042,56 м2 ба маблағи 224,4 ҳазор сомонӣ ба ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандон таъмин карда шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 49 адад зиёд мебошад.
Инчунин 185 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, (Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 164 адад кам мебошад. Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои истиқоматии ҷудогона 247 адад бо масоҳати 30794,5 м2 ба маблағи 294,7 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шуда, дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 84 адад зиёд, мебошад. Иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ 247 адад нисбати соли гузашта 8 адад кам, бақайдгирии шартномаҳои гарав 24 адад нисбат ба соли гузашта 19 адад кам ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизматрасонӣ карда шудааст.
Бахши ҳифзи муҳити зист аз табиатистифодабарандагон меъёри пардохт дар соли 2022, 63,5 ҳазор сомонӣ ворид намудааст, ки 113,4 фоизи иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати 140 нафар барои вайрон намудани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ба маблағи 16,3 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар гардида, 15,1 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.
Бо мақсади вусъат додани корҳои кабудизоркунӣ барои мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 шинонидани 13000 бех ниҳолҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботи 9900 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, мевадиҳанда ва сояафкан шинонида шуд, ки 76,1 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022, бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» ба 395 нафар шаҳрвандон мақоми бекорӣ дода шудааст. Тибқи нақша 10 маротиба ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод доир гардидааст.
Инчунин, ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 1166 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, аз ин шумора 864 нафар шаҳрвандон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд. Аз ин шумора ба ҷойи кор 335 нафар таъмин гардидаанд, ки аз онҳо: 66 нафар тавассути квота, 55 нафар ба корҳои фардӣ сафарбар карда шудаанд. Инчунин, 120 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, ба 90 нафар кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода шудааст ва 1679 ҷойҳои кори холӣ дигар мавҷуд мебошад.
Дар соли 2022, аз ҳудуди шаҳри Роғун 2594 нафар шаҳрвандон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷа қарор доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 нафар кам мебошад. Аз ин шумора 170 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, 92 нафар зиёд мебошад.
Кӯмакҳои моддӣ. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ташкилоту муассисаҳои шаҳр, шахсони саховатпеша ва соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр бахшида ба ҷашнҳои расмӣ дар давоми соли ҷорӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, ятимони кулл, собиқадорони ҷангу меҳнат ва оилаҳои эҳтиёҷманд, ба маблағи 470,5 ҳазор сомонӣ кӯмакҳои моддӣ расонида шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани маъюбону барҷомондагон ва шахсони дорои имконияташон маҳдуд дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар ҳамин давра ба муроҷиаткунандагон воситаҳои тавонбахшӣ аз ҷумла 4-донаи асобағал, 2-донаи асои такядор, 2-дона асо барои нобиноён, 16-дона асо, 7-донаи аробачаи маъюбии кӯдакона, 5-дона аробачаи маъюбӣ барои калонсолон, 2-дона садобаландкунак барои ашхосе, ки шунавоияшон заъиф мебошанд, таъмин карда шуданд.
Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба 861 оилаи эҳтиёҷманд ба маблағи умумии 464,9 ҳазор сомон кӯмаки яквақтаинаи моддӣ расонида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 3105 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудааст, ки (аз онҳо 1904 нафарашон занҳо мебошанд) нисбати ҳамин давраи соли гузашта 109 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи умуми нафақахӯрон; 1787 нафар нафақаи меҳнатӣ, 1318 нафар нафақаи иҷтимоӣ мебошанд. Дар ҳамин давра талаботи нафақахӯрон бо назардошти иловапулиҳо маблағи 13 004,2 млн. сомониро ташкил дода, мутаносибан ба ҳисоби миёна ба маблағи 349 сомонӣ дар як моҳ ба ҳар як нафақахӯр рост меояд.
Дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба таълиму тарбия 10330 нафар хонанда фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 4888 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, ки нисбати соли гузашта 33 нафар хонанда зиёд ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ба кори таълиму тарбия 507 нафар муаллимон машғуланд, ки аз ин шумора 257 нафарашон занон мебошанд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта шумораи омӯзгорон 56 нафар кам гардидааст.
Дар доираи иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар соли 2022, мутобиқи талаботҳои моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 12,3 сомонӣ тартиб дода шуда, маводҳои ҳуқуқвайронкунӣ ба Суди шаҳри Роғун ирсол гардид.
Дар соли 2022, баҳри иҷрои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фанӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018-2022» 12 кабинети фанӣ таҷҳизонида шуда, 27 адад компютерҳо ва 6 адад тахтаи электронӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас гардонида шуд. Барои дастрас намудани 5000 ҷуфт либос ба маблағи 562,9 ҳазор сомонӣ шартнома ба тавсиб расида, дастраси муассисаҳои таълими гардонида шуд. Тибқи тартиби муайян гардида, барои солҳои хониши 2021-2022, 58 фоизи хонандагон бо либосҳои ягонаи мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин карда шудаанд.
Дар беморхонаҳои марказӣ, минтақавӣ ва КАТС-и шаҳри Роғун 39 нафар табиб, 250 нафар ҳамшира ва кормандони миёнаи тиббӣ кору фаъолият менамоянд. Норасоии табиби анестезиолог-раниматолог, психиатор, ренгенолог, табиби оилавӣ, нарколог, неонтолог, кардиолог, пуст, чашм, терапевт ба назар мерасад.
Дар шуъбаҳои беморхонаҳои шаҳр 6837 нафар беморон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 1735 нафарашон дар шуъбаҳои беморхонаҳо бистарӣ карда шудаанд. Нишондиҳандаи фавт дар беморхонаҳо дар ҷамъбасти соли 2022, 9 нафар ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади иҷрои «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» дар ҷамъбасти соли 2022, 307 ташхис гузаронида шудааст. Дар назорат 30 бемор қарор дошта, дар давраи ҳисоботӣ 17 бемор ба қайд гирифта шудааст. Инчунин баҳри таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2021, №51 “Дар бораи Барномаи миллии иммунопрпрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” нақша чорабиниҳо таҳия гардида, корҳои оммафаҳмонӣ ва эмгузарони аз руйи тақвим ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати гузаронидани иммунизатсия аҳолӣ аз 29 апрели соли 2021 №175 то ҷамъбасти соли 2022, дар умум 78526 нафар, аз ҷумла бо вояи якум 24218 нафар, 91,0 фоиз, вояи дуюм 21022 нафар 79,0 фоиз ва вояи сеюм 16496 нафар 62,0 фоиз ва вояи чорум 16790 нафар 63,1 фоиз фаро гирифта шудаанд.
Аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр дар ин давра 2884 бемории сироятӣ ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла; 2133 бемории шадиди роҳои нафас, сил 8 нафар, бемории шадиди рӯдаю меъда 693 нафар ва 50 нафараш ба дигар бемориҳо мансуб мебошад.
Ҳамзамон 117 протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба риоя накардан ба қоидаҳо ва меъёрҳои санитарӣ тартиб дода шуда, нисбати қонунвайронкунандагон қарорҳои дахлдор бароварда шуда, маблағи умуми ҷаримаҳо 18,5 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Дар ҷамъбасти соли 2022, 122 хулосаҳои санитарию эпидемиологӣ дода шудааст, ки маблағи он 23,4 ҳазор сомонӣ буда, нисбати соли гузашта 10 хулоса кам дода шудааст.
Бахши фарҳанги шаҳр дар давоми ҷамъбасти соли ҷорӣ зиёда аз 108 чорабиниҳои фарҳангиро дар сатҳи баланд баргузор намудааст. Дар тобеияти китобхонаи муттамарказ 8 китобхона кору фаъолият дорад, ки 6 китобхона барои калонсолон ва 2 китобхона барои хурдсолон хизмат мекунанд. Дар соли ҷорӣ фонди умумии китобхонаи муттамарказии шаҳри Роғун ба 62520 нусха китоб расидааст, ки аз ин миқдор китобҳо 14765 адад китоб бо забони тоҷикӣ, 47755 нусха китоб бо забони русӣ ва дигар забонҳоро ташкил медиҳад. Аъзоёни китобхонаҳои шаҳр аз ҳисоби калонсолон ва хонандагон 9158 нафарро ташкил менамояд.
Осорхонаи шаҳри Роғун дорои 1187 ашё ва нигораҳо буда, дар соли 2022 аз он 1650 нафар дидан намуданд.
Дар доираи баргузории озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар ҷамъбасти соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Роғун бо иштироки 95 нафар даври аввали озмун гузаронида шуд. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун иштирокчиён ва омӯзгорон дар даври аввал бо диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар давраи дуюми озмун иштирокчиён 36 нафарро ташкил доданд, аз ин шумора 15 нафар бо пешниҳоди ҳайати ҳакамон барои иштирок ба даври минтақавӣ ба ноҳияи Рашт роҳхат гирифтанд. Дар даври минтақавии озмун, ки дар ноҳияи Рашт доир гардида, 15 нафар ғолибони шаҳрӣ иштирок намуданд. Аз шумораи мазкур 5 нафар ба даврӣ сеюми озмун роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбасти озмун 1 нафар аз руйи номинатсияи навозандагӣ жанри эстрада ҷойи 1-умро ишғол намуда, 4 нафари дигар ҷойи ифтихориро соҳиб гардидаданд, ки бо ҷоиза ва ифтихорномаҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Шумораи умумии ҷавонони шаҳри Роғун 16625 нафарро (8293 нафар занон) ташкил менамоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ тадбирҳои амалигардидаи соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш 368 чорабинӣ бо фарогирии 10930 нафар наврасону ҷавонон ва калонсолон доир карда шуд. Аз ин шумора 184 маротиба чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва хонишҳои сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки соҳаи кор бо ҷавонон доир гардида, ҳамзамон бо мақсади дар амал татбиқ намудани санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа дар шаҳр, мусобиқаҳои деҳа ба деҳаи футбол 83 чорабинӣ, шашкаю шоҳмот 82 чорабинӣ дар миёни ҷавонон баргузор карда шуд.
Дар шаҳри Роғун 14 нафар барандагони стипендияи президентӣ ва 25 нафар барандагони стипендияи раиси шаҳр мебошанд.
Дастовардҳои соҳа дар ин давра назаррас буда, ҷавонон ва варзишгарони шаҳр дар чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногун иштирок намуда, бо гирифтани 8 медал аз чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои минтақавию ҷумҳуриявӣ 18 медал ба даст оварда шудааст.
Масъулини бахши кор бо занон ва оила ҳамарӯза корҳои таблиғотиву ташвиқотиро оид ба пешгири намудани омилҳои номатлуби ҷомеа миёни занону ҷавонон ва ноболиғон аз ҷумла ҷинояткорию худкушӣ, худсӯзӣ, сӯиқасд ба ҷонӣ худ, хурофотпарастӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, никоҳи хешу таборӣ, зуровари дар оила, хушунати хонаводагӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тарғиби либоси миллӣ, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шахр ба роҳ монда, шудааст.
Дар ҳудуди шаҳри Роғун 23240 нафар занон зиндагӣ менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 271 нафар зиёд мебошад, алҳол 3425 нафар фаъолзанон дар мансабҳои гуногуни мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳои шаҳр кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 187 нафарашон дар мансабҳои роҳбарикунанда кору фаъолият мекунанд. Имрӯзҳо намояндагони занон дар маҷлиси вакилони халқи шаҳр 8 нафар ва дар маҷлиси вакилони шаҳраку деҳот 16 нафарро муайян намудааст.
Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба таҷлили баргузории маъракаҳо нишон дод, ки дар ҷамъбасти соли 2022, 704 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз он маъракаи тӯйи домодию арусӣ 604 ҳолат, 58 маъракаи чил ва 42 маъракаи солро ташкил медиҳад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, 124 маърака кам ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин муддат вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 4 ҳолати қонуншиканӣ дар шаҳри Роғун ошкор гардидааст.
Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 2 286,6 ҳазор сомониро ташкил дода, хароҷотҳои ҳар як маърака ба ҳисоби миёна ба маблағи 3,7 ҳазор сомонӣ рост меояд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта, хароҷоти маъракаҳо ба маблағи 190,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Дар соли 2022, аз тарафи бахши сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии шаҳри Роғун дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 1748 сабтҳо ба қайд гирифта шудааст, таваллуд 988, вафот 94, никоҳ 217, муқаррар намудани падарӣ 117, таваллуди кӯдакони аз як сола боло 169, иваз намудани ном ва номи падарӣ 100, бекор намудани никоҳ 54 ҳолат ва фарзандхонӣ 7 ҳолат, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021, таваллуд 112 ҳолат кам, вафот 23 ҳолат кам, никоҳ 123 холат кам, муқаррар намудани падарӣ 118 ҳолат кам, бекор намудани никоҳ 9 ҳолат кам, таваллуди кӯдакони аз як сола боло 198 ҳолат кам, ивази намудани насаб ном ва номи падарӣ 1 ҳолат кам ва фарзандхонӣ баробар ба соли гузашта ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат ақди никоҳи 54 ҷуфт бекор карда шуд, ки аз ин шумора 44 адад дар асоси ҳалномаи суд ва 10 сабт дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 адад кам мебошад. Аз тарафи бахш аз рӯи ҳамаи амалиётҳои гузаронидашуда дар давраи ҳисоботӣ, ҳамагӣ 45,8 ҳазор сомонӣ боxи давлатӣ супорида шудааст.
Дар соли 2022 дар ҳудуди шаҳри Роғун 1 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳамин давраи соли 2021-ум 5 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда буд, ки маблағи зарар 33,5 ҳазор сомониро ташкил дод.
Дар рафти санҷиши вазъи бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои хоҷагии халқ доир ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд, ки дар онҳо 3381 нафар коргарону хизматчиён иштирок доштанд. Барои иҷро ва риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати 144 нафар шаҳрвандон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 24,3 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, ба буҷет ворид карда шуд. Илова бар ин аз тарафи комиссияи хулосадиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ 165 адад хулосаҳо дода шуда, маблағи он 29,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар соли 2022, ҳамагӣ 14 ҳолатҳои фавқулодда ба қайд гирифта шудааст. Ҳодисаи табиӣ 8 ҳолат, 1 ҳодисаи заминларза, 4 ҳодисаи кандашавии ярч, 1 ҳодисаи боришоти барфи зиёд, 1 ҳодисаи сел, 1 ҳодисаи сангрезӣ, резиши ҷинсҳои куҳӣ дар НБО «Роғун», ва 6 ҳолати техногенӣ 5 садамаи нақлиёт дар НБО «Роғун», 1 ҳолати сӯхтор ба амал омад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат зиёд мебошад. Ҳалокшудагон 3 нафар ва маблағи умумии зарар аз ҳолатҳои фавқуллода 12,4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз тарафи шуъбаи ВКД дар шаҳри Роғун нисбати ошкор намудани ҷиноятҳо, пешгирии онҳо ва ба низом даровардани тартибот дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намудааст. Дар ҷамъбасти соли 2022, аз тарафи шуъба ҳамагӣ 87 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 ҷиноят кам ба қайд гирифта шудааст. Кушодашавии ҷиноятҳо дар ҳама самтҳои хизматӣ 87,65 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ноболиғон 1 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, дар ҳамин давраи соли гузашта 5 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шуда буд. Аз тарафи 8 нафар ҷавонон 7 ҷиноят содир гардидааст, ки аз ин шумораи ҷиноятҳо содир карда шуда, 1 ҳолат дастрасии моддаи 307/1 қ-2 (ифротгароӣ), 5 ҳолат бо дастрасии моддаи 244 қ-2, (авбошӣ) ва 1 ҳолат бо моддаи 139 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.
Бахши шиноснома ва бақайдгирии шуъбаи ВКД-и шаҳри Роғун дар соли 2022, ба аҳолӣ ба миқдори 2040 адад шиносномаҳои миллӣ додааст, ки аз ин шумора 825 нафар бори аввал, 1104 нафар ивази шиноснома, 76 нафар шахсони имтиёзнок дода шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 236 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шуда, инчунин 329 нафари дигар муҳлати будубошашонро дароз намудаанд. Дар соли 2022, аз тарафи бахшу шуъбаҳои ШВКД дар шаҳри Роғун 5945 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағи ҷарима 293,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 846 ҳолат зиёд мебошад.
Дар кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Роғун 32 ташкилоти ибтидоӣ ва як кумитаи иҷроияи ибтидоӣ фаъолият намуда, теъдоди аъзоёни ҳизб то ин давра 2848 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 1058 нафар бонувону ҷавондухтарон ва 1174 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар давоми соли 2022, кумитаи иҷроия бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмак ба оилаҳои камбизоату ниёзманд, бонувон ва модарони фаъоли ҳизбӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ба маблағи 20,0 ҳазор сосмонӣ кӯмаки молиявӣ расонида аст.
Дар соли 2022, ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 адад ва аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад ариза ворид шудаанд. Аризаҳои аз ҷониби шаҳрвандон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ворид гардида бошад, 1151 ададро ташкил медиҳад, ки 893 ададаш муроҷиатҳои хаттӣ мебошанд, аз ҷумла: барои ҷудо намудани замини назди ҳавлигӣ 218 адад, оид ба ҷудо намудани замин барои ҳаргуна сохтмонҳо 54 адад, барои хусусӣ намудани манзили истиқоматӣ 8 адад, барои кӯмаки моддӣ 71 адад, барои ҳуҷҷатгузорӣ намудани замин 99 адад, оид ба таъмин бо манзили истиқоматӣ 20 адад, иҷозати сохтмон 19 адад, 134 адади дигар ҷиҳати ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бунёди боғ, зиёрати Каъба 16 адад, аризаҳои шикоятӣ 15 адад мебошанд ва 203 адади дигар масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Дар муқоиса ба соли гузашта 674 аризаҳои хаттии шаҳрвандон кам мебошанд.
Аз ин миқдор 856 тоаш мавриди иҷроиш қарор дода шуда, 37 аризаи дигар низ дар арафаи баррасӣ ва ҳаллу фасл қарор доранд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ 259 шаҳрванд ба қабули Раиси шаҳр ташриф овардаанд, ки муроҷиати шифоҳии онҳо пурра дар доираи қонунҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда истодааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон кам гардидааст.
Дар асоси супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармони Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон аз 7-январи соли 2022 таҳти рақами №311 ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2022 таҳти рақами №АП174 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ тибқи қарори раиси шаҳри Роғун аз 2-феврали соли 2022 таҳти рақами №36 таъсис дода шуд.
Нақша чорабиниҳои мазкур аз 110 банд иборат буда, аз ин шумора 38-банд дар маркази шаҳр ва кучаи 25-солагии Истиқлолият, 14- банд дар Ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, 43- дар Ҷамоати деҳоти Қади Об, 10- банд дар Ҷамоати деҳоти Сичароғ ва 5- банди нақшаи мазкур чорабиниҳои таблиғотиро дар мегирад.
Аз иншооти ба нақша гирифташуда 3- адад дар ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 4- адад иншоот дар арафаи ҷашни 31- умин солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шудаанд. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншооти аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, бинои маъмурии шуъбаи хадамоти “Муҳофиза”-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бинои маъмурии шуъбаи АНДМ ва МК Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, бинои маъмурии прокуратура ва маркази “Беҳтарсозии малакаи касбӣ ва имкониятҳои ба кор таъминшавӣ” бо маром идома дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун он вазифаҳое, ки дар соли 2023 оиди корҳои ободонию созандагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати рушди дигари соҳаҳои хоҷагии халқ ба нақша гирифтааст, кӯшиш менамояд вазифаҳои дар пеш истодаро ба пуррагӣ ҳаллу фасл намуда, иҷрои онро таъмин намояд.
Добавить комментарий