Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони назди Раиси шаҳри Роғун
Санаи 22 ноябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Шӯрои навбатии ҳамоҳангсозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Дар кори Шӯро раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдор, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, нозирони минтақавӣ ва дигарон ширкат доштанд.
Дар кори Шӯро масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.
-гузориш оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»;
-гузориш «Оид ба вазъӣ саломатӣ, ҳолати рӯҳию равонии шаҳрвандони синни даъватӣ ва чораҳои солимгардонии онҳо»;
-маъруза «Оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати боло бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ миёни ҷавонон»;
-маърӯза «оид ба сатҳ ва сифати баргузории машғулиятҳои омодагии ҳарбию дифоӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Роғун ва андешидани чораҳои судманд дар ин самт»; -баррасии пешниҳоди прокуратураи шаҳри Роғун «Оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳои ошкоргардида ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда». Нисбати масъалаҳои зикргардида масъулин баромад намуда, саволу ҷавоб миёни ҳозирин ҷараён гирифт. Прокурори шаҳри Роғун Қосимзода Хайриддин нисбати камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт ибрози андеша намуд. Мавсуф зикр кард, ки фаъолияти аъзоёи комиссия даъватӣ барои сафарбарнамоии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайри қобили қабул буда, масъулинро зарур аст, ки корҳоро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий