Вохӯриҳои судманд бо аҳолӣ
Дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, баҳри расонидани мафҳуми ваҳдату якдилӣ, дар мавзӯи «Саодати миллат аз ваҳдат аст», гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар ҷамоатхои шаҳраку деҳот вохӯриҳои судманд баргузор гардида истодааст. Мақсади доир намудани чунин вохӯриҳо, ба мардум расонидани хизмати шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ташкилу бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, хотима додани ҷанги дохилӣ дар як муддати кутоҳтарин ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар, раҳо намудани мамлакат аз нафси шуми ҷанги дохилӣ, ба бор овардани Ваҳдати сартосарӣ дар он, инчунин баракату самараи Ваҳдати миллӣ дар устувору побарҷо мондани тинҷию амонӣ, оромию осудагии ҳаёти ҷомеа ва замина гузоштани он дастовардҳои бузурги иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ мебошад. Гурӯҳи корӣ ҳамзамон, дар вохӯриҳо бо аҳолӣ оид ба иҷрои бандҳои дахлдори «Нақшаи амал оид ба амалисозии Стротегияи муқовимат ба экстримизм ва терроризм дар шаҳри Роғун барои солҳои 2021–2025», ҳамчунин татбиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои оммафаҳмонӣ доир намуда истодаанд.
Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Саидова Ш.Ҷ
Добавить комментарий