ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ РОҒУН БО СОҲИБКОРОН

  27.05.2022. Имрӯз  вохӯрии Раиси шаҳри Роғун бо соҳибкорон оид ба  вусъат додани раванди ободонию созандагӣ, саҳмгузорӣ дар амалҳои хайр, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва рушди шаҳрдорӣ  баргузор гардид.

      Дар вохурии имрӯза  Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло, муовинони раиси шаҳр, кормандони Агентии Тоҷикстандарт Мурод Ашӯров, сардори раёсати савдо Суҳроб Шерализода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои марбутта, соҳибкорон, раисони ҷамоатҳо ва раисони маҳаллаҳо иштирок намуданд.

   Дар вохӯрӣ Раиси шаҳри Роғун Саидзода Сунъатулло баромад намуда, иброз доштанд ки «…Ҳамкории соҳибкорони шаҳр бо мақомоти иxроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сол то сол қавӣ гардида, он гувоҳӣ дастгирии сиёсати давлатӣ, рушди соҳибкорӣ  ва фароҳам овардани шароити зиндагӣ барои мардум аст. Мувофиқи феҳристи нозироти андози шаҳр дар ҳудуди шаҳри Роғун 284 соҳибкор бақайд гирифта шудааст. Онҳо дар навбати худ бо истифода аз донишу малакаи касбӣ барои рушди саноаткунонии кишвар аҳамияти махсус диҳанд. Зеро дар ҳудуди шаҳр соҳибкорон ангуштшумор мебошанд, ки ба масоили саноаткунонии кишвар xаҳду талош варзанд.

  Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун аз 11 апрели соли 2022, №11 нақшаи чорабиниҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун оид ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 110 банд (5 банди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ) таҳия ва тасдиқ шудааст. Тибқи ин қарор муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳ дар ҷамоатҳо ва маркази шаҳр барои назорати рафти корҳои сохтмонӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вазифадор гардидаанд.

     Аз шумораи иншооти сохташаванда 38 адад дар шаҳри Роғун ва кӯчаи 25-солагии Истиқлолият,  14 адад дар шаҳраки Оби Гарм, 43 адад дар ҷамоати деҳоти Қади Об ва 10 адад дар ҷамоати деҳоти Сичароғ бунёд мегардад.

   Аз 105 иншооти сохташаванда    8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сохта мешавад ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва рафти корҳо аз ҷониби вазорату кумитаҳои дахлдор назорат ва натиҷагирӣ карда мешавад. 19 адади иншоот аз ҳисоби буҷаи маҳал ва сармояи хориҷӣ ва 78 иншооти боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд.

      Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз шумораи иншоотҳои ба нақшагирифташуда дар 38 иншоотҳо корҳо оғоз гардидаанд ва дар чор иншоот бо сабабҳои гуногун сохтмонашон мавқуф гузошта шудааст.

          Инчунин,  зикр намуданд, ки дар ояндаи наздик шаҳри Роғун бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррификунандаи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил дода шавад. Зеро минбаъд таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ то рафт зиёд мегардад ва бо ин мақсад лозим аст, ки бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр, доир ба фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ мунтазам чораҷӯӣ карда шавад…”

       Дар идома, аз ҷониби соҳибкорон баҳсу мулоҳиза ва пешниҳодҳо ҷараён гирифта,   баён доштанд, ки бо  азму ниятҳои нек ба хотири рушди  соҳаҳои хоxагии халқи шаҳр, ҳамчунин дар пешрафти иқтисодиёти мамлакатамон саҳми хешро мегузорем.  

  Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                                  Раҷабалиева Шоира