1-июн –Рӯзи кӯдакон

        Ҳар сол 1 июн дар саросари дунё , Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон қайд карда мешавад, ки ин тадбир ба хотири таъмини ҳаёти хушбахтонаи кӯдакон ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳояшон татбиқ мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду камоли  ҳамаҷонибаи кӯдакон дар оила, мактаб ва ҷомеа имкону шароити мусоиди моддию маънавӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Кишвари мо дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон соли 1993 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакро, ки 20 ноябри соли 1989 аз ҷониби  Ассамблеяи Генералии СММ қабул гардида буд, ба тавсиб расонд ва уҳдадориҳоро ба татбиқи принсипҳои он ба зимма гирифт, ки  давлат ва ҳукумати кишвар баҳри таъмини шароити беҳтарин барои кӯдакон талош меварзад.   Ба ин хотир санаи 1-уми июни соли 2022 Рӯзи кӯдакон дар боғи марказии шаҳри Роғун бо шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид, ки дар ин чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Роғун, Шарафзода Баҳром сухани табрикотии Раиси шаҳрро ба самъи ҳозирин расонд. Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз  волидон ҳамроҳи кӯдакон, мураббияҳо бо тарбиятгирандагони хеш   ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуда, бо истифода аз таҷҳизоти барои хушгузаронии кӯдакон муҳаёбуда хотири атфол болида гардид. Ҳамчунин савту  навои дилошуб ва сурудҳои хотирмони бахши фарҳанги шаҳр низ дар таъби болидаи иштирокчиёни ин чорабинӣ замина гузошт.     

 

 Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                    Саидова Ш.Ҷ.