Иҷлосияи ёздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум
Санаи 11 апрели соли 2022 дар бинои мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлати шаҳри Роғун Иҷлосияи ёздаҳуми маҷлиси вакилони халқии шаҳри Роғун даъвати шашум баргузор гардид, ки дар дар маҷлис намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳр, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, вакилони халқи шаҳри Роғун, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои назди мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот ва дигар даъватшудагон иштирок доштанд. Ҷаласаи мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар маҷлис масъалаҳо оид ба «Натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳри Роғун дар семоҳаи аввали соли 2022», «Рафти иҷрои буҷети маҳаллии шаҳри Роғун дар семоҳи аввали соли 2022», «Иҷрои Стратегия, Барномаҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору амрҳои раиси шаҳри Роғун дар семоҳаи якуми соли 2022(соҳаи идеологӣ)», «Таҳия ва тасдиқ намудани Нақшаи 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун», «Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр вобаста ба масъалаҳои маблағӣ, кадрӣ ва дигар қарорҳои дахлдор аз иҷлосия то иҷлосия» мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Сараввал раиси маҷлиси вакилони халқ, муовини якуми раиси шаҳр, муҳтарам Файззода Раҳматулло ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд.Сипас, оид ба масъалаҳои зикргардида масъулон суханронӣ намуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар хотима намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулваҳобзода Темурҷон ва иҷрокунандаи раиси шаҳри Роғун муҳтарам Саидзода Сунъатулло баромад намуда, оид ба масъалаҳои зикргардида ва омодагиҳо ба пешвози ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз якояки иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки дар ободонию созандагии диёри хеш саҳмгузор бошем.
Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҷабалиева Шоира
Добавить комментарий