Вохӯрию мулоқотҳои судманд бо аҳолӣ

     Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҷиҳати ба роҳ мондани  корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар қаламрави шаҳри Роғун  гурӯҳи корӣ  аз ҳисоби кормандони Агентиии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳр вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст. Инчунин,  дар вохӯриҳо  муовини якуми раиси шаҳр ва дигар роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ иштирок менамоянд.

        Дар вохӯриҳо оид ба масъалаҳои  расонидани муҳтавои Паёми имсола, даъвати ҷавонон  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатпарварӣ, самаранок истифода намудани қитъаҳои заминҳои наздиҳавлагӣ, ободиву зебоии деҳоту шаҳр ва дигар масъалаҳои муҳим баҳсу мулоҳизаҳо ҷараён доранд.

      Мавриди зикр аст, ки рӯзи  8 апрели соли ҷорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  қасри фарҳанги маркази шаҳри Роғун бо иштироки зиёда аз 400 нафар гузаронида шуданд, ки иштирокчиён хеле фаъол буда фикру мулоҳизаҳои хешро озод баён медошданд.

 Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Р. зимни мулоқотҳо ба сокинони шаҳри Роғун ҷиҳати ҳамкорӣ ва ташаббусу дастгириҳояшон дар самти пешбурди корҳои ободонӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди шаҳр изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки мардуми заҳматқарини тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон монеаҳои сахту сангинро убур намуда, тавонистанд, ки дар зарфи начандон тӯлонӣ Тоҷикистони азизро аз вартаи нобудӣ раҳонида, ба кишвари соҳибистиқлолу демократӣ ва ободу зебо табдил диҳанд.               Таъкид гардид, ки ободиву зебоии деҳоту шаҳр аз ҳамкориву ҳамдилии сокинони он вобаста аст. Бо ин мақсад аз ҷониби роҳбари гурӯҳи корӣ пешниҳод гардид, ки тавассути ҳашарҳои умумӣ ва шанбегиҳои дастаҷамъона дар маҳалҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ, аз ҷумла бунёди иншооти маишиву ёрирасон, ба тартиб даровардани намои зоҳирии манзилҳои истиқоматӣ, шинонидани  ниҳолҳо, гулу буттаҳо ва тозаву озода намудани маҳалли зист ба роҳ монда шавад.                          Ҳамзамон Самадов Р., сардори шуъбаи назорати давлатӣ оид ба ҳолат ва истифодабарии воситаҳои ченак оид ба тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва маърифатпарварӣ таъкид ба амал оварда, нақши ҷамъият, ходимони дин ва падару модаронро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд. Изҳор дошт, ки ҷавонон пешбаранда ва идомадиҳандаи кори неки падарон ва имрӯзу фардои давлату миллатанд, ба ин хотир тарбияи дуруст ва ба таълими илмҳои замона фаро гирифтани онҳо вазифаи ҳамаи мост. Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти донишандӯзӣ, касбомӯзӣ ва китобхонии наврасону ҷавонон шароитҳои мусоид фароҳам овардааст. Дар ин росто падарону модарон ва устодону омӯзгоронро зарур аст, ки насли ҷавонро ба китобхонӣ ва омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ҷалб намоянд ва барои иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи милливу байналмилалӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.                         Ҳамчунин,  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун, муовини якуми директори Агентии Тоҷикстандарт Давлатзода Р. сафарбар намудани ҷавонони далеру муқтадирро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки хизмат ба Ватан, модар ва халқу диёр нишони мардонагӣ ва шуҷоату матонат аст. Тавассути ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мо метавонем пеши роҳи шомилшавии онҳоро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро бигирем ва дар бунёди ояндаи дурахшони фарзандонамон саҳмгузор бошем.

           Дар идома оид самаранок истифода намудани қитъаи заминҳои наздиҳавлагӣ ва дигар масъалаҳои муҳим таъкидҳо ба амал оварда, сокинонро ба сарфаҷӯйӣ ва ободкориву созандагӣ даъват намуд.         

Сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа                             Раҷабалиева  Шоира